Байден барои бартараф кардани Трамп президент шуд?

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксЗаявление Джо Байдена по ситуации на Украине
Заявление Джо Байдена по ситуации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Эътимоди паст ба раҳбари Кохи сафед ба ҳадди рекордӣ расид: амрикоиҳо, ки чанде пеш пирӯзии ин демократро ҷашн гирифта буданд, аз интихоби худ пушаймон шуданд
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден барои раҳоӣ аз раҳбари пешини Кохи сафед Доналд Трамп лозим буд.
Дар ин бора сенатори рус Алексей Пушков дар канали "Telegram"-аш навиштааст.
Ҳамин тариқ, вай рейтинги рекордии коҳиши эътимод ба раҳбари Амрикоро шарҳ дод.
Қаблан CNN натоиҷи назарсанҷиҳоеро, ки чанд созмон дар миёни мардуми Амрико анҷом додааст, нашр карда буд.
Ба гуфтаи онҳо, мизони эътимод ба раисҷумҳури Амрико аз 41 то 33 дарсад поин рафтааст.

"Ин бори дигар собит мекунад, ки Байден танҳо барои барканории Трамп аз Кохи сафед лозим буд", - гуфт Пушков.

Раёсати раҳбари Амрикоро ба далели сатҳи рекордии пасти пуштибонии аҳолӣ наметавон муваффақ ва илҳомбахш арзёбӣ кард, афзуд сенатор.
Қаблан "The Hill" қайд кард, агар интихоботи президентии ИМА дар охири моҳи марти соли 2022 баргузор мегардид, Трамп бар Байден пирӯз мешуд.
Президент США Джо Байден во время встречи с президентом РФ Владимиром Путиным  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Байден бадтарин президент дар таърихи Амрико дониста шуд
Ба тарафдории собиқ раҳбари Кохи сафедро 47% амрикоиҳои пурсидашуда овоз додаанду ба президенти феълӣ 41%.
Дар ҳамин ҳол агар ноиби президент Камала Ҳаррис ба ҷои Байден пешбарӣ шавад, сатҳи пуштибонӣ аз Трамп то 49% афзоиш хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи президентӣ дар Иёлоти Муттаҳида 3 ноябри соли 2021 баргузор шуд. Дар он номзади демократ Ҷо Байден пирӯз шуд.
Трамп барои курсии президентӣ мубориза мебарад
Трамп муддати тӯлонӣ аз эътирофи шикаст худдорӣ ва иддаъо кард, ки рақибаш тавассути қаллобӣ бартарӣ ба даст овардааст.
Вай натоиҷи интихоботро тавассути додгоҳ ба баҳс кашид, аммо кӯшишҳояш бенатиҷа анҷом ёфтанд.
Дар ҳамин ҳол сиёсатмадор борҳо ба ширкати эҳтимолӣ дар интихоботи президентии соли 2024 ишора кардааст.
Лентаи хабарҳо
0