Эълони ғолибони ниммарафони дав дар Душанбе: Кения ва Эфиопия аввалинанд

© Дафтари матбуотии Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонЭълони ғолибони ниммарафони дав дар Душанбе: Кения ва Эфиопия аввалинанд
Эълони ғолибони ниммарафони дав дар Душанбе: Кения ва Эфиопия аввалинанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар ниммарафони дав дар Душанбе варзишгарон аз 15 давлат ширкат карданд, аммо ҷойҳои беҳтаринро намояндагони ҷумҳуриҳои африқоӣ соҳиб гардиданд
ДУШАНБЕ, 16 апрел - Sputnik. Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии дав ба хотири гиромидошти Рӯзи пойтахти поён ёфт.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар мусобиқа дар баробари давандаҳои Тоҷикистон ҳамчунин варзишгарону дӯстдорони дав аз беш аз 15 давлат ширкат карданд.
Ҳамин тариқ миёни мардон Тоо Лазарус аз Кения зинаи авввал, Ҷирма Тилаҳун аз Эфиопия ҷойи дувум ва Шафар Виталийти украинӣ зинаи сеюмро соҳи шуд.
Ҷойи чорум насиби Нурсултон Теешбеков аз Қирғизистон ва зинаҳои панҷуму шашумро муттаносибан Шоҳрух Давлатов (Узбекистон) ва Меҳроб Одинаев (Тоҷикистон) соҳиб шуданд.
Миёни бонувон низ варзишкори Эфиопия Течу Бекелу Абебе ва Нҷау Мари Венчуии кениягӣ зинаҳои якум ва дуюмро соҳиб шудаанд.
Гулшанай Саттароваи қирғиз зинаи сеюм ва Екатерина Тунгускова ӯзбекистонӣ ҷойи чорумро гирифтаанд.
Ду бонуи тоҷик Раҷабмоҳ Абдуллоева ва Зулҳиҷҷа Ғаффорзода муттаносибан зинаҳои панҷуму шашумро аз худ кардаанд.
Рустами Эмомалӣ ва президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама ал Шафар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Дар назар аст, Душанбе мизбони мусобиқаи байналмилалии велосипедронии кӯҳӣ низ шавад
Маврид ба зикр аст, ки фонди ҷоизаҳои Ниммарафони Душанбе имсол 446160 сомониро ташкил медиҳад.
Манбаъ афзуд, ки барои ҳар кадом аз барандагони ҷойҳои аввал миёни мардон ва занон ҷоизаҳои нақдии 554 ҳазору 600 сомонӣ, барои ҷойҳои дувум 46 ҳазору 800 сомонӣ, барои ҷойҳои савум 39000 ҳазор сомонӣ, барои ҷойҳои чаҳорум 31 ҳазору 200 сомонӣ, барои ҷойҳои панҷум 28 ҳазору 80 сомонӣ ва барои ҷойҳои шашум 23 ҳазору 400 сомонӣ мукофотпулӣ дар назар аст.

Маврид ба зикр аст, ки Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар Рӯзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад ва соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардид.

Аввалин бор Ниммарафони байналмилалии Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандаҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Лентаи хабарҳо
0