Ҷавони тоҷик барои қасди таҷовузи туркмандухтар равонаи зиндон шуд

© Sputnik / Табылды КадырбековНасилие над женщинами, архивное фото
Насилие над женщинами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2022
Обуна шудан
Як сокини шаҳри Бохтар барои қасди таҷовуз ба шаҳрванди хориҷие ҳукм гирифт. Барои ин амал ӯ ҳамакнун дар зиндон менишинад ва ҳамзамон ҷарима пардохт хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Бохтар шаҳрванд Раҳмонзода Маъруф Рамазонро бо ҷурми қасд ба таҷовуз кардан равонаи зиндон намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон, маҳкумшуда шаби 23 ба 24 январи соли 2022 дар ҳолати мастӣ ҳамроҳи рафиқонаш Зиёев Ҳ., Самиев К. ва Раупов Н., аз шаҳри Бохтар бо мақсади сайругашти шабона ба шаҳри Душанбе ба воситаи автомашинаи шахсиаш равон шудааст.
Дар роҳ Раҳмонзода шаҳрванди Ҷумҳурии Туркманистон Керимова Айгул Джангелдиевнаро, ки ҳамчун пешхидмати тарабхонаи “Эҳсон”-и шаҳри Бохтар кор мекарду ӯ мешинохташ, дида, ӯро барои сайругашт ба шаҳри Душанбе даъват карда, муътақидаш намудааст, ки худи ҳамон шаб боз ба хонааш оварда мерасонад.
Насилие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Эълони ҳукми ҷавоне барои куштори "маъшуқ"-аш дар Ваҳдат
Ҷавон духтарро ба маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бурда, дар ҳолати мастӣ, автомашинаро дар торикие нигоҳ дошта, аз набудани рафиқонаш истифода карда, хостааст, ба номуси Айгул Керимова таҷовуз кунад.
Аммо духтар муқобилият нишон дода фиғон мекашад, ки дар ин ҳол Раҳмонзода аз ғояти тарс кирдорашро амалӣ карда наметавонад.
Дар пайи ин ҳодиса номбурда боздошт ва бо моддаҳои 32 қисми 3-138 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд.
Ҳамин тариқ бо дастрасии моддаҳои мазкур суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар нисбати ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 сол, бо тадбиқи моддаи 71-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 сол муҳлати санҷишӣ ва бо ҷазои ҷарима ба маблағи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ таъйин кардааст.
Лентаи хабарҳо
0