Муҳоҷирони тоҷик дар гирифтани шаҳрвандии Русия дувум шуданд

Российский паспорт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шаҳрвандии Русия барои муҳоҷирон аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ҷолиб боқӣ мемонад. Ҳиссаи онҳо дар шумораи умумӣ аз аввали сол 97,2% -ро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон бештар аз дигарон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.
Танҳо шаҳрвандони Украина аз тоҷикон дар гирифтани шиносномаи Русия пеш гузаштаанд.
Дар ин бора ТАСС бо такя ба маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Русия хабар медиҳад.
Тавре дар ин раёсат қайд шудааст, шаҳрвандии Русия барои шаҳрвандони ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ раванди ҷолиб боқӣ мемонад, ки ҳиссаи онҳо дар семоҳаи аввали соли 2022 97,2% ё 137,7 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тасмими русиягӣ шуданро гирифтаанд, 23,9 дарсадро ташкил додаанд.
Ҳиссаи сокинони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ камтар аст: 8% шаҳрвандони Қазоқистон, 4,7% - Ӯзбекистон, 3,6% - Қирғизистон.
Қобили зикр аст, ки чунин вазъият дар охири соли 2021 ба вуҷуд омад.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ дар соли 2021, муҳоҷирони тоҷик аз рӯи шумораи онҳое, ки шаҳрвандии Русияро гирифтанд, дар ҷои дуюм қарор доранд.
Заместителя председателя Совета безопасности РФ Д. Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Даъвати Медведев ба шакли электронӣ гузаронидани хадамоти давлатӣ барои муҳоҷирон
Бештар аз ҳама соли гузашта ҳам сокинони Украина шаҳрвандӣ гирифтаанд. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар соли 2021 735 000 шаҳрванди хориҷӣ русиягӣ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохилӣ раванди афзоиши шумори шаҳрвандони хориҷиро, ки хоҳиши гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд, сабт мекунад.
Ба гуфтаи коршиносон, ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев дар ҷаласаи комиссияи байниидоравии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия оид ба такмили сиёсати давлатии муҳоҷират ҷонибдори то ҳадди аксар содда кардани расмиёти барномаи кӯчонидани аҳолӣ ба Русия шуд.
Думаи давлатӣ лоиҳаи қонуни Путин дар бораи шаҳрвандиро қабул кард: тафсилоти тағйирот
Вай ба зарурати таваҷҷуҳ ба масъалаи донистани забони русӣ, ба масъалаи механизмҳое, ки имкон медиҳад, ин донишҳо баҳогузорӣ шавад, ҳамчунин масъалаи аз имтиҳон озод кардани шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки забони русӣ барои онҳо забони модариашон аст, таъкид кард.
Лентаи хабарҳо
0