Раҳмон гуфт, нагузорем, ки халқ аз нархи баланд азият кашад: ӯ роҳи арзониро нишон дод

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Тоҷикистон гуфт, дар замони душворе, ки имрӯз ҷаҳонро фаро гирифтааст, барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ чӣ бояд кард
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистн Эмомалӣ Раҳмон дидор бо фаъолони ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз буҳрони ҷаҳонӣ ёдовар шуд ва барои бахубӣ паси сар кардани он тавсияҳо дод.
Кишвардор шароити имрӯзи ҷаҳонро бисёр муташанниҷ тасвир кард.
Ӯ гуфт, буҳрони ҷаҳонӣ ба болоравии нархи молу маҳсулот, сӯзишворӣ, хидматрасониҳо ва муҳимтар аз ҳама маҳсулоти хӯрокворӣ мунҷар шуда, мардуми сайёраро ба музтарибу нигарон кардааст.
Дар ин росто президенти Тоҷикистон пешниҳоди худро барои бахубӣ паси сар кардани ин замони душвор ироа кард.
"Мо бояд тамоми захираву имкониятҳои худро барои истеҳсоли маҳсулот, захира кардани маводи ғизоӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ сафарбар намоем", - гуфт ӯ.
Раисҷумҳури Тоҷикистон давраи пандемияи КОВИД-19-ро ёдоварӣ карда гуфт, дар лаҳзаҳои душвору вазнин ҳамаи кишварҳо, ҳатто қудратҳои ҷаҳонӣ танҳо дар фикри худ мешаванд ва ба ҷорӣ кардани монеаву маҳдудиятҳо даст мезананд.
Ҳамин тавр президенти Тоҷикистон гуфт, набояд ба баланд шудани нархҳо дар бозор роҳ дод ва роҳи арзониро низ нишон дод.
Выступления Эмомали Рахмона в честь дня национальной армии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Раҳмон дар Панҷакент аз вазъияти душвортарини ҷаҳон, таҳримот ва захираи ғизо гуфт
"Мо ҳаргиз набояд ба умеди дигарон бошем, баръакс, нисбат ба ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид гардида, кор кунем, заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва нагузорем, ки халқамон аз камчинии маводи ғизоӣ ва болоравии нархҳо, хусусан дар мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода муҳтоҷӣ ва азияту танқисӣ кашанд", - гуфт президент.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кард, ки мардуми ноҳияи Ашт анъанаҳои фарзандони номдор ва содиқ ба Ватан ва халқи Тоҷикистонро идома бахшида, минбаъд низ ба хотири рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон саъю талош менамоянд.
Президент даъват кард, ки ба хотири истиқболи сазовори 35-солагии истиқлоли давлатӣ, заҳмат кашида, ба дастовардҳои боз ҳам бештари иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гарданд.
Лентаи хабарҳо
0