Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ҳамчун нозир боқӣ монд

© AFP / FABRICE COFFRINIЗаседание Совета по правам человека ООН в Женеве
Заседание Совета по правам человека ООН в Женеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2022
Обуна шудан
Муовини вазири умури хориҷии Русия гуфт, ин кишвар ҳамчун нозир дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ боқӣ мемонад, ки имкон медиҳад, то Русия дар нишастҳои ин созмон фаъол бошад
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Русия бо эъломи қатъи пеш аз муҳлати ваколатҳо дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар кори минбаъдаи созмон халал нахоҳад расонд.
Дар ин бора муовини вазири умури хориҷии Русия Сергей Вершинин ба хабаргузории РИА "Новости" гуфт.

"Агар Русия рӯзи 7 апрел ба "сенарияи Либия" розӣ мешуд, мо воқеан ҳам барои яку ним соли боқимонда, аз узвияти худ дар Шӯрои ҳуқуқи башар чунин "бартараф" мешудем ва нақши як тамошобини хомӯшро мебозидем", - гуфт дипломат.

Вай қайд кард, дар ҳуҷҷатҳое, ки Шӯрои ҳуқуқи башар таъсис додаанд, дар бораи чораҳо баъди боздоштани узвияти ягон мамлакат чизе гуфта нашудааст.
Муовини вазир ёдовар шуд, ки соли 2011 шӯро узвияти Либияро мутаваққиф кард - он вақт Триполии расмӣ аз тамоми салоҳиятҳо маҳрум шуд: аз ҳуқуқи ширкат дар қабули қарор ва овоздиҳӣ, суханронӣ аз рӯи масъалаҳои рӯзнома, омода ва паҳн кардани ҳама гуна изҳорот маҳрум шуд.
Эмблема ООН, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Тоҷикистон мухолифи қатъи узвияти Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ шуд
Намояндагони Либия танҳо метавонистанд дар толори нишаст ҳузур дошта бошанд ва он ҳам на бо нишони давлати худ.
Русия, "бо ин гуна сенария натавонист қаноат кунад", - гуфт ҳамсуҳбати оҷонсӣ.
Дар навбати худ мақоми нозир ба Маскав имкон медиҳад, ки бо салоҳиятҳои кишварҳои узви шӯро баробар шавад.
"Мо минбаъд низ ташаббусҳои худро муаррифӣ мекунем, дар раванди музокирот оид ба лоиҳаҳои қатъномаҳо ширкат меварзем, суханронӣ ва изҳорот хоҳем дод. Ба ибораи дигар мо метавонем ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳарчанд дар шароити душвортар бошад ҳам, мавқеи Русияро дар мавриди мавзуи рӯзмарра расонем", — афзуд Вершинин.
Рӯзи 7 апрел Маҷмаи умумии СММ қатъномаеро тасвиб кард, ки фаъолияти Русияро дар Шӯрои ҳуқуқи башар ба далели амалиёти низомӣ дар Украина мутаваққиф мекунад. 93 давлат ба тарафдории он овоз дода, 24 кишвар зид баромаданд ва 58 кишвар изҳори бетрафӣ карданд.
Дар байни кишварҳои бетараф: Миср, Камерун, Гана, Ҳиндустон, Кувейт, Мексика, Муғулистон, Покистон, Арабистони Саудӣ, Африқои Ҷанубӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳастанд.
Государственные флаги России и Украины. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Русия пеш аз муҳлат ваколаташро дар Шӯрои ҳуқуби башари СММ қатъ кард
Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки чунин амал ба худи шӯро "арзиши изофӣ" намеорад ва сухангӯи Вазорати хориҷа Мария Захарова хоҳиши "бекор" шудани узвияти Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро як кӯшиши таъсиррасонӣ ба Маскав барои беҳбудӣ номид.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Путин воқеаҳоеро, ки дар Украина рух медиҳад, фоҷиа номид
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.
Лентаи хабарҳо
0