Варзишкори тоҷик рақиби қирғизашро моҳирона мағлуб кард - видео

Обуна шудан
Юнусов ва Содиқ Уулу дар октагон қувва санҷиданд: дар даври дувум варзишкори тоҷик зарба заду пас аз чанд сония рақиб таслим шуд
Размикори тоҷик Бахтовар Юнусов дар мусобиқаи муҳорибаи омехтаи MMA "Serie-50: Grand Arena" бар рақибаш аз Қирғизистон Содиқ Уулу пирӯз шуд.
Сабқат дар бинои сирки калони Маскав баргузор гардид.
Дар муборизаи асосӣ Маҳмуд Мандо ва Яков Екимов вохӯрданд. Мубориза бо пирӯзии ахирӣ анҷом ёфт: варзишкори русиягӣ рақибашро аз Миср нокаут кард ва камарбанди нуқраи силсилаи MMA-ро ҳифз намуд.
Шикасти сеюми "Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО: ин боз аз "Ал-Ҳилол"
Дар корти асосӣ Юнусов ва Содиқ Уулу баромад карданд. Рақобат тезутунд ва тамошобоб гузашт.
Тоҷик аз аввал бар ҳарифаш бо усулҳои гуногун ҳамла карда, ӯро маҷбур мекард, ки ҳамла накунад, балки танҳо худро дифоъ кунад.
Ба довар лозим омад, ки борхо ба задухӯрд дахолат карда, варзишгаронро аз ҳам ҷудо кунад.
Мисли шер ҷангид: размикори тоҷик рақиби русиягиашро мағлуб карду чемпион шуд - видео
Дар даври дувум Юнусов рақибашро бӯғӣ кард ва пас аз чанд сония қирғиз таслим шуд.
Бахти як муборизи дигари Тоҷикистон Амиралӣ Сайдошуров омад накард. Рақиби ӯ як руси пурқувват Иля Варварский буд. Тоҷик дар даври аввал шикаст хӯрд.
Мусобиқаи навбатӣ 23 апрел, соати 19:00 ба вақти Маскав (соати 21:00 ба вақти Душанбе) дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0