Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Нерӯҳои Украина 35 бор дар як шабонарӯз ба сӯйи Донетск оташ кушоданд

© Sputnik / Valery Melnikov / Гузаштан ба хазинаи аксЖенщина выходит из подъезда жилого дома в освобожденном городе Счастье в Луганской народной республике
Женщина выходит из подъезда жилого дома в освобожденном городе Счастье в Луганской народной республике - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Нерӯҳои Украина дар давоми шабонарӯзи охир ба сӯйи Ҷумҳурии Мардумии Донетск 35 бор оташ кушода, дар 249 маврид тирандозӣ карданд
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Нерӯҳои украинӣ дар як шабонарӯз 35 бор ба сӯйи манотиқи Ҷумҳурии Мардумии Донетск оташ кушода, 249 тирандозӣ ва ду сокини осоиштаро маҷруҳ карданд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба дафтари намояндагии ҶМД, дар Маркази муштараки назорат ва ҳамоҳангсозии режими оташбас хабар медиҳад.

"Дар давоми 24 соати охир намояндагӣ аз 35 далели тирпаронӣ аз ҷониби нерӯҳо хабар дод...Дар давоми 24 соати охир дар бораи ду ғайринизомии маҷруҳшуда маълумот гирифта шуд", - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки 12 сохтмони манзил дар ноҳияи Кировскии Донетск, Олександровка ва ҳамчунин як иншооти инфрасохтори шаҳрвандӣ осеб дидаанд.
Разминирование теплоэлектростанции в Счастье в ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шӯрои федератсия: Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро ба дарозо намекашад
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Путин воқеаҳоеро, ки дар Украина рух медиҳад, фоҷиа номид
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.
Лентаи хабарҳо
0