Бебориш ва 35 дараҷа гармӣ: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевДевушка с зонтиком
Девушка с зонтиком - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Аз ҳама ҳавои гарм дар виояти Хатлон пешгӯӣ мешавад. Дамои ҳаво дар ин минтақа то 35 дараҷа гарм хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Ҳавои ВМКБ тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, хабар медиҳад Оҷонсии обуҳавошиносӣ.
Ба иттилои манбаъ , ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5 -10 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад Дар қисмати шарқӣ шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 7-12 дараҷа гармӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Аллея в парке Рудаки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Тафреҳи баҳорӣ: ҳавои рӯзҳои истироҳатӣ тоҷикистониёнро ба ҳайрат меорад
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20, рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 13-15 ва рӯзона 30-32 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0