Раҳмон дар Исфара ду коргоҳи пойафзолбарорӣ ифтитоҳ кард

© pixabayМужская обувь, архивное фото
Мужская обувь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Исфара якбора ду коргоҳи пойафзолбарорӣ ба истифода дод, ки қарор аст, дар як сол ҳар ду корхона зиёда аз 100 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол намоянд
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Исфара ду коргоҳи истеҳсоли пойафзолро ба истифода дод.
Дар ин бора дафтари матбуотии роҳбари давлат хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, коргоҳи "Исфара Саманд" дар кӯчаи ба номи академик Ҷӯраев мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ин корхонаро соҳибкори маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо харҷи як миллион сомонӣ бунёд намудааст.
Гуфта мешавад, дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳ истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Италия ва Олмонанд.
Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол 50 ҳазор ҷуфт пойафзол мебошад. Феълан дар корхона 50 нафар аз сокинони маҳаллӣ фаъолият намуда, аз 800 то 2000 сомонӣ маош мегиранд.
Соль. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2022
Супориши қатъии Раҳмон барои афзоиши истеҳсоли намак дар Тоҷикистон
Зикр гардид, ки 80 фисади пойафзоли дар коргоҳ истеҳсолшаванда ба хориҷи кишвар содир ва боқимонда дар бозори дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш гузошта мешавад.
Ҳамчунин бо ҳузури роҳбари давлат коргоҳи пойафзолбарории "Базеб" ба истифода дода шуд.
Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкор Баҳриддин Сироҷов бо сарфи 1,3 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар як сол имкони истеҳсол кардани то 30 ҳазор пойафзолро дорад.
Дар ин коргоҳ 20 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мебошанд.
Манбаъ меафзояд, истеҳсоли пойафзол дар вилояти Суғд дар ду моҳи аввали соли равон 46 ҳазор ҷуфтро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0