Боздиди Раҳмон аз корхонае, ки соҳибкорони Русия сармоягузорӣ кардаанд

© PixabayСухофрукты, архивное фото
Сухофрукты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Корхонаи "Баракат-Исфара", ки дар шимоли Тоҷикистон ба коркарди меваи хушк машғул аст, маҳсулоташро ба Русия, Қазоқистон ва кишварҳои аврупоӣ содир мекунад
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафараш ба вилояти Суғд аз корхонаи "Баракат-Исфара" боздид кард. Корхонаи мазкур бо сармоягузории соҳибкорони Русия фаъолият мекунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотbи раисҷумҳури Тоҷикистон, самти асосии фаъолияти корхонаи мазкур коркарди мева ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ аз меваҳои кишвар мебошад. Дар доираи боздиди Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи тавлиди маҳсулоти қаннодӣ ифтитоҳ шуд.
Манбаъ афзуд, ки феълан маҳсулоти "Баракат-Исфара" дар Русия, Қазоқистон, Русия, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳоди мизоҷон гардонида мешавад.
Мужская обувь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2022
Раҳмон дар Исфара ду коргоҳи пойафзолбарорӣ ифтитоҳ кард
"Бо ин васила маҳсулоти баландсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардида, дар дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон низ талабот ба он бештар шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки айни замон дар ҳар се марҳилаи корхона беш аз 150 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки барои таъмини корхона бо маҳсулот дар асоси шартнома бо хоҷагиҳои кишоварзӣ ва сокинон меваҳои истеҳсоли ватанӣ қабул карда мешавад.
Зикр гардид, ки барои рақобатпазир нигоҳ доштани маҳсулот ва ҳифзи он дар корхонаи "Баракат-Исфара" озмоишгоҳ, анбор ва бо ғунҷоиши беш аз 1000 тонна сардхонаи махсус мавҷуд аст.
Лентаи хабарҳо
0