Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Барои пулу куштор омаданд: генерали рус гуфт, ҷангиёни хориҷиро дар Украина чӣ интизор аст

© Пресс-служба Минобороны РФ / Гузаштан ба хазинаи аксБрифинг И. Конашенкова после начала специальной военной операции
Брифинг И. Конашенкова после начала специальной военной операции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сарнавишти беҳтарине, ки ҷангиёни хориҷиро дар Украина интизор аст, ин ҷавобгарии ҷиноӣ ва маҳкумият ба ҳабс ба муҳлати тӯлонӣ мебошад, гуфт генерали Русия
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Ҷангиёни кирояи хориҷие, ки ба Украина омадаанд, тибқи қавонини байналмилалии башардӯстӣ, мақоми "комбатант"-ро надоранд.
Дар ин бора Игор Конашенков, намояндаи расмии Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.
"Онҳо ба Украина омадаанд, то пул кор кунанд бо роҳи куштори славянҳо. Барои ин беҳтарин чизе, ки онҳоро интизор аст, ҷавобгарии ҷиноӣ ва ҳабси тӯлонӣ мебошад", - таъкид намуд генерал.
Ба гуфтаи ӯ, феълан дар ҳайати нерӯҳои Украина дар шаҳри Мариупол ҳудуди 400 ҷангии хориҷӣ дар муҳосира қарор гирифтаанд. Таъкид шуд, ҷангиёни дар муҳосирабуда асосан шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ ва Канада мебошанд, ки дар ҳудуди "Азовстал" қарор доранд.
Дар маҷмуъ Игор Конашенков изҳор дошт, ки аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украина низоми Киев 6 ҳазору 824 нафар зархариди хориҷиро аз 63 давлати дунё ҷалб кард.
Военнослужащие ВС РФ в автомобиле колонны военной техники в Армянске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Бо хоҳиши Эрдуғон нерӯҳои Русия гаравгонҳо дар масҷиди Мариуполро озод кардаанд
Ба гуфтаи ӯ, теъдоди нисбатан зиёди ҷангиёни хориҷӣ аз Лаҳистон омадаанд, ки шумораашон 1717 нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 1,5 ҳазор нафар аз ИМА, Канада ва ҳамчунин Руминия омаданд. Ба Бритониёи Кабир ва Гурҷистон то 300 нафарӣ рост меояд. Аз қаламрави Сурия, ки таҳти назорати Туркия қарор доранд, 193 нафаранд, афзуд генерал.
Вай таъкид кард, ки дар натиҷаи амалиёти низомӣ теъдоди ҷангиёни хориҷӣ дар Украина кам шуда истодааст ва феълан ҳудуди 4 ҳазору 877 нафарро ташкил медиҳад.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0