Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Русия гуфт, чанд ҷангҷӯи хориҷӣ дар Украина аст ва онҳо аз куҷо омадаанд

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкМинистерство обороны РФ, архивное фото
Министерство обороны РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2022
Обуна шудан
Ҷангҷӯёни хориҷӣ дар Украина, ки аз аввали амалиёти низомии Русия барои ҳимояи Донбасс ҳудуди 7 ҳазор нафар буданд, феълан камтар аз 5 ҳазор боқӣ мондаанд
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Ҷангҷӯёни хориҷӣ дар Украина, ки аз аввали амалиёти низомии Русия барои ҳимояи Донбасс ҳудуди 7 ҳазор нафар буданд, феълан камтар аз 5 ҳазор мондаанд.
Дар ин бора Игор Конашенков, намояндаи расмии Вазорати дифои Русия хабар дод.
"Дар маҷмуъ аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украина низоми Киев 6 ҳазору 824 нафар аз зархаридони хориҷиро аз 63 давлати дунё ҷалб кард", - изҳор кард генерал.
Ба гуфтаи ӯ, теъдоди нисбатан зиёди ҷангиёни хориҷӣ аз Лаҳистон омадаанд, ки шумораашон 1717 нафарро ташкил медиҳад.

"Ҳудуди 1,5 ҳазор нафар аз ИМА, Канада ва ҳамчунин Руминия омаданд. Ба Бритониёи Кабир ва Гурҷистон то 300 нафарӣ рост меояд. Аз қаламрави Сурия, ки таҳти назорати Туркия қарор доранд, 193 нафаранд", - афзуд ӯ.

Конашенков тавзеҳ дод, ки хориҷиён дар ҳайати нерӯҳои украинӣ дар қаламрави шаҳрҳои Киев, Харков, Одесса, Николаев ва Мариупол тақсим шудаанд.
"Дар натиҷаи амалиёти низомӣ теъдоди ҷангиёни хориҷӣ дар Украина кам шуда истодааст ва феълан ҳудуди 4 ҳазору 877 нафарро ташкил медиҳад", - таъкид кард намояндаи Вазорати дифоъ.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина мақомоти Киев барои ҷалби хориҷиён иқдом кард.
Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2022
Володин ба Зеленский муроҷиат кард ва чанд шарт гузошт
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0