Корхонаи нави тилобарорӣ дар Тоҷикистон фаъол шуд: Раҳмон хост, қоидаҳо риоя шаванд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузаштан ба хазинаи аксРоссыпное золото, архивное фото
Россыпное золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз масъулини корхонаи тилобарорӣ, ки бо сармоягузории Чин фаъол шуд, хост, иқтидори истеҳсолу теъдоди ҷойҳои кориро зиёд кунанд
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба фаъолияти як коргоҳи холисгардонии тило ва нуқраи корхонаи “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар мавзеи Кумарғи Болои ноҳияи Айнӣ оғоз бахшид.
Тибқи итилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, маросими ифтитоҳи коргоҳи мазкур аз тариқи онлайн сурат гирифта, Эмомалӣ Раҳмон тавассути монитор бо раванди коркарди маъдан ва истеҳсоли тило шинос шуд.
Манбаъ афзуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як сол ба 4 тонна тило ва 1 тонна нуқра баробар буда, консентрати маъдан аз конҳои "Кумарғи Боло" ва "Дуобаи Шарқӣ" истихроҷ мегардад.
Захираи умумии кони "Кумарғи Боло" 51, "Дуобаи Шарқӣ" 23,7 тонна ва дар умум 74,7 тонна тило баровард шудааст.
Мужчина обрабатывает метал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2022
"Тамохуш"-и Исфара дар ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон тавлиди металро зиёд кард
Дар маҷмуъ зикр шуд, ки арзиши лоиҳавии корхона 180 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истихроҷ ва коркарди маъдани "Кумарғи Боло" соли 2017 оғоз гардиданд.
Дар мавриди кони "Дуобаи Шарқӣ" иттилоъ дода шуд, ки то ҳол 4 нақб бо дарозии 3 ҳазор метр канда шуда, тибқи нақша, моҳи июни соли 2023 дар кони мазкур истихроҷи маъдан оғоз мегардад.
Зикр гардид, ки ҳоло дар ширкати "ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ" 500 сокини маҳаллӣ ва 120 нафар шаҳрванди Чин доимӣ кор мекунанд. Дар сурати пурра фаъолият намудани ҷамъият беш аз 1200 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд, изҳор доштаанд масъулин.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарияти ширкат таъкид намудааст, ки талаботи истихроҷ ва коркарди маъданро қатъӣ риоя кунанд. Ӯ афзуд, ки дар сурати риоя нашудани талабот расидан ба ҳадафҳои гузошташуда мушкил хоҳад буд.
Рахмон на открития завода Талко Голд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Раҳмон сафарашро ба вилояти Суғд аз ифтитоҳи корхонаи "ТАлКо Голд" оғоз кард
Ба раисҷумҳур иттилоъ додаанд, ки барои беҳдошти вазъи экологӣ дар ин мавзеъ коргоҳи ҳифзи муҳити зист фаъолият мекунад.
"Дар коргоҳ манораҳои чор марҳилаи тозакунӣ ва ду марҳилаи ҷаббанда васлу насб гардидаанд, ки бо истифода аз онҳо муҳити зист аз газҳои турш ҳифз карда мешавад. Обҳои партов бошад, дар зарфҳои махсус бо истифода аз манораи се марҳилаи ҷаббанда ва таҷҳизоти полоишӣ безарар карда мешаванд", - афзуданд масъулин.
Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо ҷараёни истихроҷ ва коркарди маъдан дар ширкати ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” масъулини онро муваззаф кард, ки корҳои боқимондаро ба анҷом расонида, ҳаҷми истеҳсолотро зиёд ва шумораи бештари шаҳрвандонро ба кори доимӣ ҷалб намоянд.
Лентаи хабарҳо
0