Ӯзбекистон роҳи Ҳайратон - Мазори Шарифро дар ихтиёри Афғонистон мегузорад

© Хокимият Сурхандарьинской областиУзбекистан направил в Афганистан 63 вагона гуманитарной помощи
Узбекистан направил в Афганистан 63 вагона гуманитарной помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ӯзбекистон аз рӯзи 10 май нигаҳдорӣ ва даромади роҳи оҳани Ҳайратон - Мазори Шарифро пурра ба ихтиёри Афғонистон вогузор мекунад
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Аз 10 май идораи роҳи оҳани Ҳайратон-Мазори Шариф комилан ба ҷониби Афғонистон мегузарад.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон бо истинод ба директори "Роҳи оҳан"-и Афғонистон Бахт Ар-Раҳмон Шарофат хабар дод.
Айни замон ин хатти роҳи оҳанро ҶСК "Ӯзбекистон темир йуллари" идора мекунад.
Тибқи созишномаи нав, ки бо дархости мақомоти Афғонистон имзо шудааст, аз аввали моҳи май тамоми масъулияти нигоҳдории роҳи оҳан, аз ҷумла нигоҳдорӣ, идора ва ҷамъоварии даромад ба ихтиёри Роҳи оҳани Афғонистон вогузор шудааст.
Самолет в аэропорту, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Тошканд гуфт, фурудгоҳи Мазори Шариф ба фаъолият шуруъ кард
Дар ҳоли ҳозир Афғонистон барои нигоҳдории роҳи оҳани Тирмиз тавассути гузаргоҳи марзии Ҳайратон то Мазори Шариф ҳамасола ба Ӯзбекистон 18 миллион доллар пардохт мекунад.
Азбаски ҳаққи хидмати роҳи оҳан ҳиссаи асосии даромадро ташкил медиҳад, толибон ин вазъиятро ба манфиати миллӣ намешуморанд.
Ба гуфтаи мақомоти афғонистонӣ, иқтидори амалиётии роҳи оҳани Афғонистон дар ин замина хеле афзоиш ёфтааст. Илова бар ин тоҷирони афғонистонӣ умедворанд, ки ин иқдом арзиши ҳамлу нақли борро коҳиш медиҳад.
Масъулияти нигаҳдории роҳи Ҳайратон - Мазори Шариф дар ҳоли ҳозир ба уҳдаи ширкати "Суғдиёна-транс"-и ширкати "Ӯзбекистон темир йӯлларӣ" аст. Он моҳи декабри соли 2011 ба манзури фаъолият ва нигоҳдории хатти роҳи оҳани Ҳайратон - Мазори Шариф дар Афғонистон таъсис шудааст.
Моҳи ноябри соли 2010 Роҳи оҳани Ӯзбекистон сохтмони ин хатти 75-километриро бо харҷи 129 миллион доллар анҷом дод. Ширкат ёдовар шуд, ки тайи даҳ соли фаъолияти ширкати "Суғдиана Транс" ҳудуди 28 миллион тонна бор аз ин роҳ ба Афғонистон ва ба тариқи транзит ба кишварҳои дигар интиқол дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0