Афзоиши воридот ва коҳиши содироти мол дар Тоҷикистон

© Sputnik / Табылды КадырбековПробка из фур, архивное фото
Пробка из фур, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои дигар наздики 1,7 млрд. долларро ташкил додааст. Шарики асосии тиҷорӣ ҳамоно Русия боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Содироти мол аз Тоҷикистон, ки дар семоҳаи аввали соли гузашта аз воридот бештар буд, имсол ба андозаи 50% коҳиш ёфтааст.
Савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ - марти соли равон ба 1,67 млрд. доллар баробар шудааст, ки қисми аъзами онро воридот ташкил медиҳад.
Дар ин бора хабаргузории "Авесто" аз қавли Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додаст.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ савдои хориҷии Тоҷикистон дар қиёс бо семоҳаи соли гузашта 6,5% коҳиш ёфтааст.
Дар маҷмуъ воридот беш 1,2 млрд. долларро ташкил додаст, ки дар қиёс бо соли гузашта 43% ва ё 362,7 млн доллар зиёд мебошад.
Базар в Кулябе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Чӣ арзону чӣ гарон шуд: шарҳи расмии Ожонси омор
Ҷумҳурӣ дар ин муддат ба маблағи 470 млрд доллар мол содир кардааст, ки 50,5% ё 479 млн. доллар аз семоҳаи аввали соли гузашта камтар мебошад.
Ҷаҳиши нисбатан назарраси савдо бо Чин ба қайд гирифта шудааст, ки тайи семоҳаи аввали соли равон дар қиёс бо ҳамин давраи 2021 ҳудуди 2,5 баробар зиёд аст. Аммо шарики асосии тиҷории Тоҷикистон ҳамоно Русия боқӣ мемонад.
Ҳаҷми савдо бо Русия 364,9 млн. доллар, Қазоқистон 353,9 млн. ва Чин 344,4 млн. долларро ташкил додааст.
Коҳиши содирот дар ҳолест, ки семоҳаи аввали соли гузашта гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба 1,79 млрд доллар баробар буд, ки аз ин ба содирот 949 млн. ва воридот 844 млн. доллар рост омада буд.
Лентаи хабарҳо
0