Дар Беларус табиби шахсии Лукашенко боздошт шуд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Беларуси Александр Лукашенко
Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Обуна шудан
Як қатор аз кормандони соҳаи тиб ба далели муроҷиати шубҳанок ба ширкатҳои хориҷӣ, ки бар ивазашон маблағҳои ҳангуфт мегирифтанд, боздошт шудаанд
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Табиби шахсии раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар боздошт қарор дорад.
Дар ин бора худи сиёсатмадор зимни мулоқот бо вазири тандурустӣ Дмитрий Пиневич, додситони кулл Андрей Швед ва раиси КДА Иван Тертел хабар дод.
Вай афзуд, то кунун 35 корманди дигари соҳаи тандурустӣ ба иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудаанд.

"Ман рафти ин амалиётро хуб медонам: ман онро назорат мекардам. Он имрӯз оғоз нашудааст, дирӯз не. <...> Бовар дорам, ки инҳо на ҳама касоне ҳастанд, ки дар он ҷо дар паҳлуи онҳо бояд нишинанд", - қайд кард Лукашенко.

Президенти Беларус тавзеҳ дод, ки парвандаи ҷиноӣ ҳанӯз соли 2018 оғоз шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, табибон ба беморон тавсия додаанд, баъзе қисмҳои ортопедиро истифода баранд, ки пас аз он онҳо аз ширкатҳои хориҷӣ маблағи ҳангуфт гирифтаанд.
Ба гуфтаи Лукашенко, ҳангоми кофтуков аз хонаҳои баъзе аз онҳо аз 300 000 то 650 000 евроӣ ёфт шудааст.
Рабочая поездка президента РФ В. Путина в Дальневосточный федеральный округ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Лукашенко гуфт, Путин "ҳама гуна коронавирусҳоро дар ҷаҳон бозмедорад"
Дар робита ба ин ҳодиса раҳбари Беларус ғайриқобили қабул будани фасод дар соҳаи тибро таъкид карда гуфт, "дар оғози ҳама гуна ҷанг беадолатӣ ва дар саргаҳи беадолатӣ фасод қарор дорад".
Ҳамзамон Лукашенко ба боздоштшудагон пешниҳод кард, ки хисороти расидаро ҷуброн кунанд ва пас аз ин онҳо бо қарори Вазорати тандурустӣ ба сохторҳое фиристода шаванд, то аз рӯи ихтисосашон кор кунанд.
Илова бар ин сиёсатмадори беларус аз далели боздошти пизишки шахсияш нороҳат шуд, аммо ҳамзамон таъкид кард, ки “қонун барои ҳама як аст”.
Лентаи хабарҳо
0