Довароне аз Тоҷикистон бозиҳои Ҷоми AFC-2022-ро доварӣ мекунанд

© Федерация футбола ТаджикистанаТаджикский футбольный арбитр
Таджикский футбольный арбитр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мутахассисони тоҷик ба мусобиқаи бонуфузи футболи Осиё ҷалб шуданд, ки дар он бозиҳои марҳилаи гурӯҳиро доварӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Доварон аз Тоҷикистон барои хидмат дар бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2022 дар минтақаи ғарбӣ даъват шудаанд. Дар ин бора Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар додааст.
Дар маҷмуъ кишварро чаҳор довари ФИФА намояндагӣ мекунанд.
Дар бозиҳои гурӯҳи "В" Сайёдҷон Зайниддинов ва ёвари ӯ Фарҳод Қуралов аз Душанбе кор мекунанд.
Бозиҳо бо ширкати онҳо аз 18 то 24 май дар Кувейт баргузор мешаванд.
Ду довари дигар аз Тоҷикистон - Гулмуроди Саъдулло аз пойтахт ва ёвари ӯ Ҳасан Каримов аз Норак дар бозиҳои гурӯҳи “А” бо ширкати чаҳор даста, ки дар Уммон баргузор мешаванд, доварӣ хоҳанд кард.
Шикасти сеюми Истиқлол дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО: ин боз аз Ал-Ҳилол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2022
Шикасти сеюми "Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО: ин боз аз "Ал-ҳилол"
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми AFC-2022 19-умин қуръакашии дувумин муҳимтарин мусобиқаи бошгоҳҳои футболи Конфедератсияи футболи Осиё хоҳад буд.
Дар мусобиқа дастаҳое ширкат мекунанд, ки сатҳашон барои ширкат дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC кофӣ нест. Бозиҳо 5 апрел оғоз гардида, давраи финалии он 22 октябр ба нақша гирифта шудааст.
Ғолибони мусобиқа ба таври автоматӣ ба Лигаи қаҳрамонҳои AFC дар солҳои 2023/2024 роҳхат мегиранд.
Бозиҳо дар гурӯҳи "Е" дар пойтахти Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд. Ин бозиҳо 24-уми июн шуруъ шуда, 7 рӯз идома мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0