Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳакимзода ба аёдати волидони сарбози дар марз кушташуда рафт

© Пресс-служба президента ТаджикистанаГлава Хатлонской области Курбон Хакимзода
Глава Хатлонской области Курбон Хакимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сарбози 21-солаи тоҷик моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи задухӯрдҳои сарҳадӣ аз тири марзбонони Қирғизистон ҷон бохт. Марҳум соли 2020 ба сафи артиш пайваста буд
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз хонаводаи сарбози дар марз кушташуда дидан кард.
Ба иттилои котиботи раиси вилояти Хатлон, Ҳакимзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба хонаи сарбози кушташуда рафт ва аз ҳолу аҳволи волидонаш бохабар шуд.
Манбаъ меафзояд, раиси вилоят ба падар ва модари Сунатулло Маҳмадов изҳори ҳамдардӣ намуда, зикр кард, ки корнамоии ӯ барои ҳазорон ҷавони тоҷик сабақи ватандӯстию ҷавонмардист.
Номгузорӣ шудани мактаб ба номи сарбозе, ки дар марз бо Қирғизистон кушта шуд
Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи 10-уми март дар пайи тирпаронии марзбонони қирғиз дар Чоркӯҳ як марзбони тоҷик Сунатулло Маҳмадов кушта шуд.
Чанде пеш дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мактабе, ки дар он Маҳмадов таҳсил мекард, ба номаш гузошта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки марҳум ду сол қабл ба хидмат дар артиш ҷалб шуд ва соли равон бояд муҳлати хидматаш ба поён мерасид.
Дар ҳамин ҳол бегоҳи 12 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз тирпаронӣ сурат гирифт ва ин навбат ҳам сарбози 27-сола, Зоир Саидумаров қурбони таниши марзӣ шуд.
Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Имзои се санад миёни Тоҷикистону Қирғизистон пас аз муноқишаи ахири марзӣ
Пас аз сар задани ин ҳодиса вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд ва Сироҷиддин Муҳриддин амалкарди марзбонони қирғизро маҳкум намуда, аз ҳамтои қирғизиаш талаб намуд, ки омилони сар задани ин ҳодиса муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан беш аз 460 километри он муайян нашудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз гоҳе ба муноқишаҳои сарҳадӣ боис мешавад.
Лентаи хабарҳо
0