Ба кӯҳ рафтанду бар нагаштанд: ҳалокати се нафар дар пайи ҳодисаҳои нохуш дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевВывеска при въезде в Варзоб
Вывеска при въезде в Варзоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Обуна шудан
Давоми як рӯзи истироҳатии гузашта дар Тоҷикистон се ҳолати марг дар пайи ҳаводиси нохуш дар кӯҳҳо сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикисто мегӯяд, ки рӯзи якшанбеи гузашта зимни ду ҳодисаи нохуш се тан ҳолок шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳодисаҳо дар ноҳияҳои Ваҳдату Варзоб, дар кӯҳҳо сар задаанд.
Ба иттилои манбаъ, 17 апрели соли 2022, тахминан соати 05:25 дақиқа хабар расид, ки ду нафар аз сокинони деҳаи Симиганҷи ҷамоати деҳоти Симиганҷ рӯзи 12 апрел бо мақсади ҷамъоварии туршӣ ба кӯҳҳои воқеъ дар наздикии деҳа рафтаанд ва то ҳол аз онҳо хабаре нест.

"Кормандони бахши кумита баъди ҷустуҷӯи муштарак бо кормандони ВКД дар шаҳри Ваҳдат ва сокинони маҳаллӣ ҷасади фавтидагонро аз дохили хаймае дар кӯҳистон пайдо кардаанд", - афзуд манбаъ.

Ин ниҳод мегӯяд, фавтидагон 41 ва 42 сол дошта, эҳтимол ҳангоми гарм кардани хайма аз гази оксиди карбон ҳалок шудаанд.
Ҳодисаи дуюм дар ҳудуди ноҳияи Варзбо рух додааст. Бо вуҷуди ҳушдорҳои чанддаъфаии кумита дар бораи вазъи номуносиб дар ҷиҳати сафар ба кӯҳистон, чарогоҳ, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш дар ин рӯзҳо як сокини 25-солаи ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа ба кӯҳ рафтааст.
Ликвидация последствий после ливневых дождей в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2022
Ҳушдори КҲФ аз боронҳои шадиду раъду барқ ва эҳтимоли селфароӣ дар Тоҷикистон
Ҳангоми ҷамъоварӣ ӯ аз сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба дараи Очук афтода, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷасадро аз дара берун оварданд.
КҲФ бори дигар аз сокинони кишвар даъват мекунад, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт дар кӯҳистон, чидани занбурӯғ, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ кунанд.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки сокинон бояд дар нисбати огоҳиҳо ва тавсияҳои мақомоти салоҳиятдор беэътиноӣ накунанд ва ҳама қоидаҳои бехатариро қатъӣ риоя намоянд.
Лентаи хабарҳо
0