Омили нигаронии сокинони наздимарзии Суғд аз беобӣ - тағйири табиат ё баҳси марзӣ?

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкРека Кура в Азербайджане
Река Кура в Азербайджане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Кишоварзони ноҳияҳои наздимарзии вилояти Суғди Тоҷикистон дар бораи мушкили беобии киштзорҳояшон мегӯянд ва аз талафёбии зироаташон шикоят мекунанд
ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Оби замини кишти сокинон дар рустоҳои наздимарзии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва шаҳри Исфараи Тоҷикистон умдатан аз ҳудуди деҳоти ноҳияҳои Лайлак ва Ботканди Қирғизистон ҷорӣ мешавад.
Аммо сокинон ин деҳаҳои ҳаммарз бо Қирғизистон мегӯянд, оби наҳру ҷуйборҳои наздимарзӣ чанд рӯз ба ин тараф хушк шудааст ва ин ҳолат ба боғу киштзорҳояшон таъсири манфӣ мерасонад.
Носир Ҳоҷибоев, яке аз кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, мушкили беобӣ як ҳафта ба ин тараф идома дорад.

“Оби канале, ки тавассути он заминҳои ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъача обёрӣ мешаванд, хушк аст, ҳатто аз он қатраи обе намеояд. Ин ҳол сабаби хушку ташналаб мондани заминҳои кишти пиёз ва ғалладонагиҳо гардидааст” – гуфт, ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Обёрии заминҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва ҳам ноҳияи Ҷаббор Расулови Суғд тавассути канали худҷории “Хоҷа Боқирғон” сурат мегирад. Аммо тавре кишоварзони ин ноҳияҳои ҳаммарз бо Қирғизистон мегӯянд, як ҳафта аст, ки оби ин наҳр хушк шудааст. Мушкиле, ки то ин вақт аслан дучор нашуда буданд.
Кайраккумская ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Барои наҷот аз хушкӣ: Тоҷикистон ба Қазоқистон аз "Баҳри тоҷик" об медиҳад
Ҳалимҷон Ҳоҷиев, муовини сардори идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки канали худҷории “Хоҷа Боқирғон” моли Тоҷикистон буда, он ҳанӯз соли 1953 барои обёрии заминҳои навоҳии Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов сохта шудааст. Як қисми заминҳои деҳоти Қирғизистон ҳам аз ҳисоби ин канали Тоҷикистон обёрӣ мешавад.
Ин масъули идораи об афзуд, сарбанди ин наҳрро “Плотина” ҳам мегӯянд. Канали “Хоҷа Боқирғон”, 32 километр дарозӣ дошта, аз деҳоти наздимарзии ноҳияи Лайлаки Қирғизистон убур карда, то саршавии заминҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов мерасад. Обёрии беш аз 14 ҳазор гектор заминҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд тавассути наҳри “Хоҷа Боқирғон” сурат мегирад.
Ҳалимҷон Ҳоҷиев мегӯяд, тақсимоти оби ин наҳрро тибқи санади тасвибшуда сурат мегирад, ки дар он ҳиссаи Тоҷикистон 79 дарсад ва саҳми Қирғизистон 21 дарсад аст.
“Дуруст аст, ки ҳаҷми об дар дарёча кам аст, аммо аз сӯйи дигар ҳоло ҳаҷми бештари об дар ихтиёри Қирғизистон қарор гирифтааст, ки ин ҳол боиси қатъи об ва беоб мондани киштзорҳои сокинон дар ноҳияҳои наздимарзӣ шудааст”, – гуфт Ҳоҷиев.

Камобӣ, омили табиӣ?

Дар ҳамин ҳол сокинони наздимарзии деҳоти Чоркӯҳи Исфара низ аз мушкили хушку беоб мондани ҷуйбор ва наҳрҳо хабар медиҳанд. Сокинон мегӯянд, ба фарқ аз солҳои қаблӣ ҳоло маҷрои оби наҳре, ки тавассути он заминҳо кишту шодоб карда мешавад, бамаротиб кам шудааст.
Председатель правления Евразийского банка развития Николай Подгузов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Подгузов: Энержӣ ва об манбаи аслии рушди иқтисод аст
Исматулло, як сокини деҳаи Чоркӯҳ мегӯяд, наҳре, ки оби он аз сарбанди “Обтақсим” ва ё “Головной” сарчашма мегирад, чанд рӯз аст, ки бамаротиб кам шудааст.

“Сатҳи об хеле кам шудааст. Чандин рӯз лозим аст барои обёрии заминҳо. Сари вақт обёрӣ нашудан сабаби хушк шудани зироат мегардад”, - мегӯяд ин сокини Исфара.

Имзои санаде, ки тақсимоти одилони обро танзим мекунад

Рӯзи 13 апрел сардорони қӯшунҳои сарҳадии кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи рух додани муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 12 апрел дар марз мулоқоти дуҷониба баргузор карда, зери се санад (протокол) имзо гузоштанд.
Тавре масъулони ҳукумати Суғд иттилоъ доданд, яке аз ин санадҳо маҳз ба масоили обёрии заминҳои наздимарзӣ бахшида шудааст.
Ду санади дигар мазмуни баргардонидани қувваю воситаҳои иловагӣ ба ҷойи истиқрори доимӣ ва таҳқиқи тирпароние, ки сабаби марги сарбози тоҷик Зоир Саидумаров ва захмӣ гардидани чандин сарбози нерӯҳои марзбонии қирғизро ифода мекунад.
Глава Комитета по землеустройству и геодезии Ориф Ходжазода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Хоҷазода ба президент аз коҳиши заминҳои обӣ гузориш дод: чанд буду чанд шуд
Дар санад, ки зери он Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Уралбек Шаршеев имзо гузоштаанд, таъкид мегардад, бо дарназардошти манофеи ҳар ду ҷониб бояд шароити обёрии заминҳо ва амнияти сокинони наздимарзӣ таъмин шавад.

Кай об ба лаби ҷӯй баробар мешавад?

Ҳалимҷон Ҳоҷиев гуфт, ки баъди ба имзо расидани ин санадҳои дуҷониба баррасии масъалаи об ба зиммаи Зафарбек Давлатзода ва Алмазбек Раҳмонқулов, ҳокимони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Лайлак вогузор шудааст.
Ӯ гуфт, ҳоло исми даҳ масъули идораи оби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷониби идораи сарҳадбонии ноҳияи Лайлак пешниҳод шудааст, то сатҳи об дар канали “Хоҷа Боқирғон”-ро ба назорат гиранд.

“Шаҳодатнома (паспорт)-и даҳ нафар масъули идораҳои оби ҷамоатҳо ва ноҳия пешниҳод карда шуд. Онҳо минбаъд марзро гузашта, ҳар рӯз сатҳи оби каналро назорат мекунанд”, - гуфт муовини сардори идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд.

Масъулони идораи об мегӯянд, охирҳои моҳи апрел ва оғизи моҳи май ҳамасола обшавии пиряхҳо сурат мегирад ва онҳо умедворанд, ки дар пайи ин ҷараён сатҳи об зиёд шуда, то ба лаби ҷӯй баробар хоҳад шуд.
Азиатский банк развития. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Бонки Осиёии Рушд барои таҷдиди системаи обёрии ноҳияи Ёвонро пул медиҳад
Ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ва Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон навоҳии наздимарзии аграрӣ буда, умдатан сокинони онҳо аз ҳисоби кишту парвариши пахтаву пиёз ва боғи зардолу рӯзӣ ба даст меоранд.
Хистеварз 22,5 километр ва Овчӣ-Қалъача наздик ба 20 километр бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон марзи мушатарак доранд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳоло танҳо ҳудуди 519 километри он муайян шудааст.
Лентаи хабарҳо
0