Посухи Қодиров ба суханони Зеленский, ки гуфт, барои муқовимати тақрибан даҳсола омодааст

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Обуна шудан
Раҳбари Чеченистон дар посух ба Зеленский, ки изҳор дошт, барои муқовимати даҳсола омодааст, гуфт, кори ӯ рӯзҳои наздик ба поён хоҳад расид
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон дар посух ба изҳороти Владимир Зеленский, ки дар мусоҳиба бо CNN гуфта буд, Украина омодааст, барои даҳ сол ҷанг кунад, гуфт, ҳама чиз барои Зеленский рӯзҳои наздик анҷом хоҳад ёфт.
Сабти аудиоӣ бо чунин шарҳ шоми душанбе дар "Telegram-канал"-и Қодиров нашр шуд.

"Ман дар ин ҷо хондам, ки Зеленский гуфтааст, барои даҳ сол ба ҷанг омодааст. Эй нодон, ту чӣ мегӯӣ? Мо ин қадар вақт надорем, рӯзҳои наздик кори туро тамом мекунем. Ба фикрам, ту шизофрения дорӣ! Ба назди бародари калонии худ Байден бирав ва дасташро фишор", — хандида гуфтааст Қодиров.

Президенти ИМА Ҷо Байден ҳафтаи гузашта худро дар вазъияти ногувор қарор дод. Пас аз анҷоми суханронии худ дар Каролинаи Шимолӣ дасти худро барои дастфишорӣ ба сӯйи курсии холӣ дароз кард.
Сипас Байден ошуфта шуда, дар назди минбар чанд қадам гузошт ва зоҳиран барои тарк кардани саҳна гузаргоҳ меҷуст.
Заявление Джо Байдена по ситуации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Дастфишорӣ бо шабаҳ? Байден ҳангоми суханронӣ роҳашро гум кард - видео
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0