Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Коршинос: Русия нақша надорад, ки ғайринизомисозии Украинаро солҳо идома диҳад

© Sputnik Спецоперация России на Украине
Спецоперация России на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Обуна шудан
Коршинос Балбек ба суханони Зеленский дар бораи омодагӣ ба муқовимати тӯлонӣ вокуниш нишон дода, ҷиҳати нақшаи ғайринизомисозии Украина аз ҷониби Русия суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Коршиноси сиёсии Қрим Руслан Балбек гуфт, Русия амалиёти вижаро солҳои тӯлонӣ дар Украина анҷом намедиҳад.
Вай ба изҳороти Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар мусоҳиба бо CNN, ки Украина омодааст, "барои даҳ сол мубориза барад", чунин посух дод.
"Ба фарқ аз Зеленский, мо нақша надорем, ки ғайринизомисозии Украинаро 10 сол идома диҳем", - гуфт Балбек.
Ба Украина ҳамчунон маблағгузории ҷиддиро кишварҳои аврупоӣ идома медиҳанд, пуштибонии онҳо танҳо пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия афзоиш ёфтааст. Ҳамин тариқ Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифт, ки ба нерӯҳои украинӣ ба маблағи 600 миллион евро кумак расонад.
Дар нишасти Версал раҳбари дипломатияи Иттиҳодияи Аврупо Ҷозеп Боррел пешниҳод кард, ки барои муқовимат бо Русия ба Киев 500 миллион еврои дигар ҷудо шавад. Аммо Киев пайваста эълом мекунад, ки гӯё ИА "кӯмаки кофӣ намекунад".

"Барои ӯ, албатта, ҳар қадар тӯлонӣ бошад, ҳамон қадар беҳтар аст. Ман ҳайрон намешавам, ки агар президенти Украина дар пули интиқоли силоҳи ғарбӣ "шарик" бошад. Дар ин ҳолат Владимир Зеленский омодааст, ки то пиронсолӣ мубориза барад. Аммо ин тавр нахоҳад шуд", — гуфт Балбек.

Вай афзуд, таъмини аслиҳа ҳам раҳбари Украинаро наҷот дода наметавонад, зеро ба ҳар ҳол миллатгароӣ дар Украина нобуд хоҳад шуд.
"Аммо ӯ метавонад дар мусоҳибаҳо ё ёддоштҳояш бо мо биҷангад, аммо ин як ҷанги дигар аст, бидуни маргу тирпаронӣ", - қайд кард коршинос.
Военнослужащие ВС РФ в автомобиле колонны военной техники в Армянске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Бо хоҳиши Эрдуғон нерӯҳои Русия гаравгонҳо дар масҷиди Мариуполро озод кардаанд
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0