Тими "Хатлон" дар садри ҷадвал қарор гирифт

© Sputnik / Стас ЭтвешФутбольный мяч на поле, архивное фото
Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тими "Хатлон" дар ду бозӣ пирӯз шуд ва як бозиро мусовӣ анҷом дод. Ҳамин тариқ аз нуҳ холи имконпазир ин даста ҳафт хол ба даст овардааст
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон даври сеюми Қаҳрамонии футболи миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардид.
Ба гузориши Кумитаи миллии олимпӣ, тими “Хатлон”-и Бохтар пас аз натиҷагирии се даври бозиҳо дар садри ҷадвал қарор дорад. Ин тим бо роҳбарии сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев дар ду бозӣ пирӯз шуда, як бозиро мусовӣ анҷом дода, аз 9 холи имконпазир ҳафт хол ба даст овард.
Тими "Хатлон" дар даври сеюм бар тими "Эсхата"-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Ҳисобро Санҷар Рихсибоев дар дақиқаи 43 ба нафъи “Эсхата” кушод. Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 69 ҳисобро баробар кард. Санҷар Рихсибоев дар дақиқаи 84 боз ҳам тими "Хуҷанд"-ро ба пеш баровард.
 Офисе Федерации футбола Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Ду бошгоҳи футбол дар Тоҷикистон муҷозот шуданд: сабаб
Вале Тони Бикатал дар дақаи 88 ва Парвиз Боқӣ-Охунов дар дақаи 90+1 ду гол зада, ғалабаи тими Бохтарро таъмин карданд.

Дар бозиҳои дигар “Файзканд” бо “Хуҷанд” мусовӣ (0:0) бозӣ карда, “Равшан” дар меҳмонӣ бар тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад . “Равшан”-и Зафаробод бошад, дар майдони худаш аз дастаи КМВ "Артиш" бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.
Дар ҳамин ҳол дар даври чоруми қаҳрамонӣ дастаи "Равшан" (Кӯлоб) бо "Равшан" (Зафаробод), "Истаравшан" бо "Регар-ТадАЗ", "Хуҷанд" бо КМВ "Артиш" ва "Файзканд" бо "Хатлон" вомехӯранд.
Интизор меравад, даври чорум рӯзҳои 23-24 апрел сурат гирад.
Лентаи хабарҳо
0