Муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ба сатҳи то пандемия баргашт

Мигранты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия ба қайди муҳоҷиратӣ гирифта шудаанду патент гирифтаанд, дар оғози соли равон афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Раванди муҳоҷират ба Русия ба маҷрои пешинааш, ки то пандемия буд, баргаштааст, хабар дод Вазорати умури дохилии ФР.
Ба иттилои ин ниҳод тағйироти ҷиддӣ дар раванди муҳоҷрат дар муқоиса бо аввали соли 2021 ба қайд гирифта нашудааст.
Манбаъ афзуд, ки тайи моҳҳои январ - феврали соли 2022 теъдоди хориҷиёне, ки ба қайди муҳоҷиратӣ гирифта шудаанд, дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2021 ҳудуди 2,5 баробар бештар мебошад. Тайи ду моҳи аввали соли гузашта ин теъдод ба 657 ҳазор нафар баробар буд, аммо тайи ҳамин давраи соли равон то ба 1,6 млн нафар расидаст.
"Маҷрои муҳоҷиратӣ амалан ба сатҳи то пендемия баргашт. Тайи моҳҳои январ - феврали соли 2019 ҳудуди 1,8 млн нафар дар қайди муҳоҷиратӣ қарор доштанд", - афзуд ВУД.
Дар баробари ин мақомоти умури дохилии Русия хабар додаст, ки теъдоди патентҳои додашуда ба муҳоҷирони меҳнатӣ низ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст. Агар ду моҳи аввали соли гузашта 112,3 ҳазор нафар патент гирифта бошанд, ин шумора тайи январ - феврали соли равон ба 271,6 ҳазор нафар баробар шуд.
Ситуация возле многофункционального миграционного центра  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Барои оила рафту аз баҳраш гузашт. Чаро муҳоҷират бархе занони тоҷикро бешавҳар кард?
Дар феҳрасти минтақаҳои Русия, ки муҳоҷирон нисбатан зиёд мебиёянд, шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, вилоятҳои Ленинград, Маскав, Краснодар, Свердлов, Приморск, Иркутск, Самара, Новосибирск, Красноярск ва Тотористон мебошад.
Дар ин рӯйхат ҳамчунин вилоятҳои Амур, Ростов, Челябинск, Нижегородск, Тула ва ҳавзаи мухтори Ханти-Манскийск зикр шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи марти соли равон Валентина Казакова, сардори Сарраёсати бахши муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Русия гуфт, барои қайди муҳоҷиратии хориҷиён муҳлати ягонаро муқаррар хоҳанд кард. Интизор меравад, ки ин муҳлат аз 7 рӯзи феълӣ барои хориҷиён то 30 рӯз тамдид карда шавад.
Дар зимн таъкид ВУД изҳор доштаст, ки соли 2021 ҳудуди 500 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз қайди муҳоҷиратӣ хориҷ карда шуданд. Далели ин иқдом пешниҳоди маълумоти тақаллубӣ арзёбӣ гардидаст.
Лентаи хабарҳо
0