Черевченко шарти рафтанаш ба ҳайси мураббӣ ба Тоҷикистонро гуфт

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузаштан ба хазинаи аксИгорь Черевченко, архивное фото
Игорь Черевченко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бозигари собиқи тими мунтахаби Тоҷикистон, ки чанде пеш аз мақоми сармураббии тими "Химки"-и вилояти Маскав рафт, эҳтимоли рафтанаш ба кишварро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Сармураббии собиқи "Химки" Игор Черевченко имкони гузаштан ба чемпионати хориҷиро дошт, аммо дар ҳоли ҳозир чунин заруратро намебинад.
Ӯ дар суҳбат бо "Матч.тв" гуфт, пешниҳодҳо аз ҷумла аз Осиё буданд, аммо худаш дар ҳоли ҳозир рафтан ба хориҷа барои 5-6 бозиро зарур намедонад.
Ба суоле, ки оё ҳатто ба Тоҷикистон ҳам, Черевченко изҳор дошт, ки танҳо ба ҳайси сармураббии тими миллӣ метавонад равад.
"Бояд ҳама чиро таҷриба кард. Ҳар мутахассис мехоҳад кор кунад. Аммо на ҳамеша ҳама чиз аз мо вобаста аст. Мураббӣ худаш худро пешниҳод намекунад, бояд ӯро даъват кунанд", - гуфт Черевченко.
Маврид ба зикр аст, ки бошгоҳи "Химки"-и вилояти Маскав дар бораи қатъи шартнома бо сармураббии ин даста Игор Черевченко охири моҳи феврали соли равон хабар дода буд.
Петр Сегрт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2022
Хорват дар тими миллии футбол: Тоҷикистон аз мураббии нав чӣ интизор аст
Черевченко аз сентябри соли 2020 дар "Химки" кор мекард. Таҳти роҳбарии ӯ даста дар 33 бозӣ 15 ғалаба ба даст оварда, дар мавсими гузашта дар Лигаи бартари Русия, дар ҷои ҳаштум қарор гирифт.
Рӯзи 25 октябри соли 2021 маълум шуд, ки Черевченко "Химки"-ро тарк кард, вале камтар аз як моҳ пас ба вазифаи худ баргашт.
Черевченко 47 сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи "Помир"-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.
Номбурда тавонист ҳам дар тими мунтахаби кишвар ва ҳам дар бошгоҳҳои футболи Русия бозӣ кунад.
Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула низ фаъолият кардааст.
Лентаи хабарҳо
0