Эрон метавонад тавлидкунандагони ғарбиро дар бозори Русия иваз намояд

© Sputnik / Антон Быстров / Гузариш ба медиабонкФлаги Ирана на одной из улиц Тегерана
Флаги Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
Коршиноси рус бовар дорад, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад тавлидкунандагони ғарбиро дар бозори Русия дар бахши истеҳсоли маводи кимиёии маишӣ иваз намояд
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Владимир Обиденов, раиси Шӯрои тиҷоратии Русияву Эрон ба РИА “Новости” гуфтааст, ки Эрон метавонад як қатор молҳои Ғарбро дар бозори Русия, бахусус дар бахши маводи кимиёии маишӣ ва дорусозӣ иваз намояд.
"Агар дар бораи Эрон ҳарф бизанем, тоҷирони мо роҳи дигар барои иваз кардани маҳсулоти Ғарбро пайдо хоҳад кард", - гуфт Обиденов.
Ба гуфтаи коршинос, барои молҳои рӯзмарра, аз маҳсулоти гигиенӣ барои кӯдакону калонсолон то зарфҳои ошхона, алтернатива пайдо кардан мумкин аст.
"Ҳамин тавр Эрон навъҳои гуногуни маводи кимиёӣ барои рӯзгорро тавлид мекунад. Агар аз ҷониби Русия таваҷҷуҳ шавад, кишвар метавонад барои чандин колои ғарбӣ ҷойгузин пайдо кунад. Ин раванд вақти зиёде талаб намекунад", - гуфт Обиденов.
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон: Заминаи ҳамкории Тоҷикистон бо Эрон барқарор аст
Вай ҳамчунин қайд кард, ки дар Эрон тиб, дорусозӣ, сайёҳии тиббӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва ороишӣ хеле рушд кардааст.
Пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина ширкатҳои "Unilever" (бренди "Dove", "Domestos", "Cif", "Axe", "Rexona", "Clean Line", "Black Pearl"), "Procter & Gamble" ("Ariel", "Always", "Head & Shoulders" , "Fairy", "Gillette") ва "Johnson & Johnson" ("Listerine", "Clean & Clear", "Carefree") эълон карданд, ки Русияро тарк мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0