Иқтисодшиноси фаронсавӣ бар асари таҳримҳо алайҳи Русия “ошӯбҳо”-ро дар Аврупо пешгӯӣ кард

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксГазопровод высокого давления от Елабуги до Нижнекамска
Газопровод высокого давления от Елабуги до Нижнекамска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Коршиноси масоили иқтисодии фаронсавӣ пешгӯӣ кардааст, ки манъи харидории газ аз Русия метавонад боиси ошӯбҳо дар Аврупо ва суқути пули аврупоӣ шавад
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Сиёсатшинос ва коршиноси масоили иқтисодии фаронсавӣ Александр дел Валл дар як мақолаи худ дар маҷаллаи "Valeurs actuelles" навиштааст, ки ҷорӣ кардани маҳдудият дар хариди гази Русия метавонад боиси поин рафтани сатҳи зиндагӣ дар Аврупо гардад.
Вай гуфт, ин иқдом метавонад боиси ошӯбҳо дар тамоми минтақа гардад.
Ба эътиқоди вай, имкон дорад, тасмими Иттиҳодияи Аврупо дар бораи манъи харидории гази табиӣ аз Русия “Аврпупоро варшикаста кунад”.

"Таҳримҳои Ғарб вобаста ба амалиёти низомии Русия дар Украина базудӣ ба эҷоди даҳшат дар тафаккури мардум табдил меёбад. Пас аз он ки онҳо хонаҳои худро гарм карда натавонистанду қобилияти харидории онҳо якбора поин равад, дар тамоми минтақаҳо ошӯб оғоз мешавад", - пешгӯӣ кард коршинос.

Коршинос бар ин бовар аст, ки кишварҳои аврупоӣ агар худро аз амнтарин, арзонтарин газ ва ҳамчунин содироту воридоти Русия маҳрум созанд, иштибоҳи бузург хоҳанд кард.
Добыча нефти в Татарстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Новак гуфт, Аврупо наметавонад дар панҷ соли оянда нафту гази Русияро иваз кунад
Александр дел Валл дар мақолаи худ хулоса кардааст, ки "норасоии ғизо бӯҳронҳои амиқеро ба вуҷуд меорад. Барои мисол, инқилобҳо дар кишварҳои арабӣ дар солҳои 2011 маҳз аз болоравии қимати гандум оғоз шуда буд. Нархи маводи ғизоӣ ба далели нарасидани ғалла, рӯғани офтобпараст ва куд дар ҷаҳон башиддат боло хоҳад рафт".
Коршинос ҳамчунин пешгӯӣ мекунад, ки қатъи пурраи манобеи энержии Русия боиси суқути евро ва болоравии нархҳо мешавад.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти вижаи низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримҳои густурда эъмол карданд, ки пеш аз ҳама ба бахши бонкӣ ва воридоти маҳсулоти технологӣ таъсир расонд. Бархе аз брендҳо эълон карданд, ки фаъолияташонро дар Русия қатъ мекунанд.
Рабочий на газовом хранилище в Будапеште - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Путин: Аврупо медонад, ки бидуни манобеи энержии Русия наметавонад
Кремл ин тадбирҳоро як ҷанги иқтисодӣ номид, ки қаблан дар таърих мушоҳида нашуда буданд. Мақомот аз омодагии худ ба таҳримҳои ҷоришуда таъкид кард ва итминон дод, ки минбаъд низ уҳдадориҳои иҷтимоиии худро дар назди мардум иҷро хоҳанд кард. Бонки марказии Русия барои ба эътидол овардани вазъ дар бозори асъор чораҳо андешид. Мақомот ҳамчунин эълон кард, ки минбаъд фурӯши гази табиӣ бо рубли руси сурат мегирад. Илова бар ин ҳукумат нақшаи мубориза бо чораҳои маҳдудкунандаро омода кардааст, ки тақрибан сад иқдомро дар бар мегирад. Ҳаҷми маблағгузории он тақрибан як триллион рублро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол Аврупо дар пайи он болоравии қимати маводи сӯхт ва таваррум ба норасоии маводи ғизоӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ин боиси норозигии шаҳрвандони бархе аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро гаштааст.
Лентаи хабарҳо
0