Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров: Марҳилаи нави амалиёти вижа дар Украина оғоз мешавад

© Sputnik / Konstantin Mihalchevskiy / Гузаштан ба хазинаи аксВоеннослужащие ВС РФ в автомобиле колонны военной техники в Армянске
Военнослужащие ВС РФ в автомобиле колонны военной техники в Армянске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, ҷониби Украина иқдоми неки Маскавро, ки ҳузури нерӯҳоро аз Киеву Чернигов баргардонд, ба таври лозимӣ қадр накард
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Марҳилаи навбатии амалиёти низомии Русия дар Украина оғоз мешавад, изҳор дошт вазири умури хориҷии ФР Сергей Лавров.
Ӯ дар мусоҳиба бо "India Today" гуфт, марҳилаи нав фурсати муҳиме дар амалиёти низомии Русия дар Украина хоҳад буд.

"Ҳадафи амалиёт дар шарқи Украина, тавре ки аллакай эълон шуда буд, ин озодкунии комили ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск мебошад. Марҳилаи навбатии ин амалиёти вижа ҳоло оғоз мешавад ва ба фикрам, фурсати муҳиме хоҳад буд", - гуфт вазир.

Лавров таъкид кард, ки агар Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина барои иҷрои тавофуқоти Минск талош мекард, буҳронро кайҳо ҳал кардан мумкин буд.
Вай афзуд, ки "Ғарб ба Зеленский хиёнат" ва аз ӯ алайҳи Русия истифода кард.
Вазири умури хориҷии Русия ҳамчунин зикр кард, Маскав пас аз мулоқот дар Истанбул "шеваи ҳузури низомиро дар Украина" тағйир дод, аммо Киев онро қадр накард.
"Азбаски онҳо пешниҳодҳое карданд, ки метавонистанд асоси созишномаро ташкил диҳанд, мо ҳамчун як иқдоми нек конфигуратсияи нерӯро дар вилоятҳои Чернигов ва Киев тайғир додем, аммо шумо медонед, ки ин қадр карда нашуд. Ба ивази ин дар Буча намоишнома ташкил карданд", - гуфт вазир.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: Русия режими Украинаро тағйир доданӣ нест
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0