Дар Мастчоҳ ба деҳқонҳое, ки пахтаашон оташ зада шуд, чигиту сӯзишворӣ доданд

© Sputnik Дар пайи ин ҳодиса қисми зиёди валакнаҳои пахта сӯхта сиёҳ шудаанд.
Дар пайи ин ҳодиса қисми зиёди валакнаҳои пахта сӯхта сиёҳ шудаанд.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бар асари сӯхтор наздик ба 700 тонна пахта ва нахи пахта (волокно) ба коми оташ рафт. Бо гузашти панҷ моҳ аз вуқуи ин ҳодиса то кунун мақомот гумонбарони оташсӯзиро ошкор накардаанд
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Пахтакорони мастчоҳӣ, ки даҳҳо тонна ҳосили бо арақи ҷабин парвардаашон дар анбори ширкати “Музаффар ва компания” оташ зада шуд, баумед ба кишти нави пунбадона оғоз намудаанд.
Нарзулло Боймирзоев, сардори идораи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ гуфт, тибқи нақша, имсол дар майдони 12 ҳазору 550 гектор кишти пунбадона ба нақша гирифта шудааст.
Ӯ афзуд, ин рақам назар ба соли гузашта 3,5 гектор бештар аст.

“То имрӯз дар майдони наздик ба 10 ҳазор гектор кишти пунбадона гузаронида шудааст, ки ин 80%-и нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад. То охири моҳи апрел кишт ба иҷро расонида хоҳад шуд”, – гуфт Боймирзоев.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта ноҳияи Мастчоҳ аз шумори навоҳии пахтакоре дар Суғд маҳсуб мешуд, ки нақшаи ҳосили пахта дар он иҷро нашуд.
То охири мавсим ҳамагӣ 20 ҳазору 82 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки ин рақам бар асоси нақша, беш аз 9000 тонна кам арзёбӣ мешуд.
Масъулини соҳа сабаби иҷро нашудани нақшаи ҳосилро ба мушкили обрасонӣ ва тағйирёбии иқлим пайванд дода мегуфтанд, ки чунин ҳолат ба нашъунамои ин зироат таъсири амиқи манфӣ расонидааст.
Сӯхторнишонҳо ва аҳолии ба кумак омада тавонистаанд қисме аз  валакнаҳои пахтаро аз коми оташ наҷот диҳанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Парвандаи сӯхтори анбори пахта дар Мастчоҳ ба мақомот рафт: аз шарҳи сабаб то зарар
Аммо "болои сӯхта намакоб", дар поёни соли гузашта чандин тонна пахта, самари заҳмати яксолаи даҳҳо нафар аз кишоварзони пунбапарвари ин ноҳия дар корхонаи коркард ва нигаҳдории ширкати “Музаффар ва компания” ба коми оташ рафту ба хокистар табдил ёфт.
Бар асари сӯхтори шаби 24 ба 25 ноябри соли 2021 дар анбори “Музаффар компания” рух дод, беш аз 400 тонна нахи пахта ва чандин тонна пунбадонаи омодашуда нобуд гардид, ки хисороти иқтисодии ин оташсӯзиро мақомот 46 миллион сомонӣ арзёбӣ намуданд.
Мақомоти идораи сӯхторнишонии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби сар задани сӯхторро амали барқасдона иҷрошуда гуфтанд.
“Сӯхтор тахминан соатҳои 03:00-и шаби 24 ба 25-уми ноябр рух додааст. Фарзияҳои асосӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ, оташи тамоку (сигарет) ва ҳатто оташбозии кӯдакон ҳам санҷида шудаанд. Ин фарзияҳо ба воқеияти ҳодиса мувофиқат намекунанд. Хулоса шудааст, ки оташсӯзӣ қасдан сурат гирифтааст”, – гуфт манбаъ.
Болои сӯхта намакоб ё бераҳмии сол дар Мастчоҳ: пахта сӯхту ғӯза боқӣ монд
Барои хомӯш намудани он ба ҳисоби мошинҳои обпоши ноҳияи Мастчоҳ ҳудуди 14 мошини дигари сӯхторнишонӣ аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол фиристода шуд ва баъди қариб 10-12 соат ин сӯхтор хомӯш карда шуд. Ба мақомоти сӯхторнишонӣ муяссар шудааст, ки беш аз 400 тонна пахтаро аз коми оташ наҷод диҳанд.
Аммо бар асари ин ҳодиса наздик ба 700 тонна пахта ва нахи пахта (волокно) ба коми оташ рафт.
Бархе аз кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ иброз намуданд, ки самари заҳмати нимсолаашон дар анбори “Музаффар компания” нигаҳдорӣ мешуд, аммо дар пайи сӯхтор хокистар гардид.
Бо гузашти панҷ моҳ аз ин ҳодиса то кунун мақомот гумонбарони оташсӯзиро ошкор накардаанд.
Нарзулло Боймирзоев, сардори идораи кишоварзӣ гуфт, ба хоҷагидороне, ки соли гузашта ҳосили пахтаашон оташ зада шуд, аз ҷониби ширкати “Музаффар ва компания” барои шудгори замин ва харидани чигит маблағ ҷудо шудааст.
Ин ширкат муваззаф шудааст, ки барои парвариши ҳосили “тилои сафед” низ ба кишоварзони зарардида кӯмакӣ молӣ кунад.
Лентаи хабарҳо
0