Падари Макрон гуфт, аз аъмоли писараш розӣ аст, вале пайраваш нест

© AP / Ludovic MarinПрезидент Франции Эммануэль Макрон
Президент Франции Эммануэль Макрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Падари Макрон гуфт, ӯ аз аъмоли писараш розӣ аст, аммо пайрави "сектаи ӯ" нест. Жан-Мишел 90 дарсади аъмоли писарашро дастгирӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Падари раисҷумҳури Фаронса Жан-Мишел Макрон иқрор шуд, ки 90 дарсади аъмоли писарашро ба ҳайси сарвари давлат тасдиқ мекунад, аммо “пайрави мазҳаби ӯ” нест.
"Ман аз шеваи роҳбарии ӯ (президенти Фаронса Эммануэл Макрон - шарҳ аз идора.), ки ҳоло давлатро раҳбарӣ мкунад, дар ҳайратам. Ман фикр мекунам, ки бояд ҷасорати зиёд дошт, фаронсавиҳо хеле мардуми носипосанд, ин чизи нав нест. Ман 90% он чизеро, ки ӯ анҷом медиҳад, тасдиқ мекунам. Аммо мо ҳеҷ гоҳ аз ҳамдигар 100% розӣ нестем. Ман пайрави мазҳаби ӯ нестам", - гуфт Жан-Мишел Макрон дар мусоҳиба бо "Est Republicain".
Даври аввали интихоботи президентӣ дар Фаронса рӯзи 10 апрел баргузор шуд.
Тибқи маълумоти ниҳоии Вазорати корҳои дохилии Фаронса, президенти феълии ин кишвар Эммануэл Макрон 27,84%, рақиби ӯ, раҳбари Ҳизби ростгарои “Ралли миллӣ” Марин Ле Пен 23,15% овоз гирифтаанд.
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Франции Э. Макроном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Пешсафии Макрон пас аз шумориши 97 дарсади оро дар даври аввали интихобот дар Фаронса
Даври дуюми интихоботи президентӣ дар Фаронса 24 апрел барпо мегардад.
Фаронсавиҳо раҳбари кишвари худро барои панҷ соли дигар интихоб мекунанд.
Агар ҳеҷ яке аз номзадҳо дар даври аввал аксарияти мутлақи овозҳо, яъне беш аз 50 дарсадро ба даст наорад, даври дувуми интихобот доир мешавад.
Дар Фаронса даври аввали интихоботи президентӣ ҷараён дорад
Бо сабаби он ки ҳеҷ яке аз номзадҳо чунин нишондиҳанда надошт, барои интихоби раисҷумҳур даври дувуми раъйдиҳӣ рӯзи 24 апрел баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0