Президенти Қирғизистон аз мардумаш хост ӯро ором гузоранд

© Пресс-служба президента КыргызстанаПрезидент Кыргызстана Содир Джабборов
Президент Кыргызстана Содир Джабборов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Қирғизистон аз мардумаш хост, дар фаъолияташ ба ӯ халал нарасонанд ва ваъда дод, ки пас аз сафараш ба Боку мусоҳибаи ихтисосӣ медиҳад
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов хостааст, ки ба ӯ иҷозат диҳанд, то оромона кор кунад. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки кишвардор дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бобат нома нашр кардааст.
"Баъд аз сафар ман як мусоҳибаи истисноӣ медиҳам, ки дар он дар бораи тамоми корҳое, ки дар кишвар анҷом дода мешаванд, нақл мекунам. Мардуми ҳаяҷонзада, оё шумо ба ман иҷозат медиҳед, ки оромона кор кунам?" — навиштааст Ҷабборов, дар баробари ин паём бо рамзи хиҷолатовар оварда шудааст.
Президент ҳамчунин аз суханони сарвазири собиқи Бритониё Уинстон Черчилл иқтибос овардааст":
"Дурӯғ метавонад нисфи ҷаҳонро давр занад, дар ҳоле ки ҳақиқат шимашро мепӯшад".
Феълан президент бо сафари расмӣ дар Озарбойҷон қарор дорад.
Ҷабборов гуфтааст, ки раванди мувофиқаи марзҳо бо Тоҷикистон суст пеш меравад
Дар ҷараёни боздиди дурӯза Ҷабборов бо раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев, раиси Маҷлиси Миллӣ Сағиба Ғафарова дидору гуфтугӯ ва бо намояндагони доираҳои тиҷоратии маҳаллӣ мулоқот хоҳад кард.
Дар мулоқот масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра баррасӣ шуда, ҳамчунин имзои як қатор санадҳо дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0