Расонаҳо: Бар асари таркишҳо дар Кобул 25 толибилм кушта шуд

© AP / Rahmat GulСкорая помощь на месте взрыва у американского университета в Кабуле, архивное фото
Скорая помощь на месте взрыва у американского университета в Кабуле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
Тибқи маълумоти расмӣ, бар асари таркишҳо шаш нафар қурбон шуда, даҳҳо тани дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Аммо расонаҳои дохилӣ аз кушта шудани 25 нафар гузориш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Бар асари чанд таркиши рӯзи 19 апрел дар Кобул дастикам 25 нафар кушта шуданд. Дар ин бора хабаргузории маҳаллии "Aamaj News" иттилоъ додааст.
Ба иттилои манбаъ, шумораи бештари қурбониён пас аз ду таркиши пай дар пай дар назди мактаби Абдулраҳим, дар қисмати ғарбии ин шаҳр ба қайд гирифта шудааст.
Аммо Холид Задрон, сухангӯи Департаменти амнияти Кобул дар робита ба ҳодисаи мазкур гуфтааст, ки “дар ҳоли ҳозир бар асари таркишҳо дар Кобул шаш нафар кушта ва 11 нафари дигар захмӣ шудаанд”.
Қаблан ӯ ҳамчунин хабар дода буд, ки дар пойтахти Афғонистон се таркиш ба амал омадааст. Ҳама таркишҳо дар назди муассисаҳои таълимӣ рух додаанд.
Скорая помощь в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Инфиҷори шадид дар мактаби Кобул чанд нафарро кушт
Қайд карда мешавад, ки таркишҳо ҳангоми берун рафтани донишҷӯён аз бинои мактаб рух додаанд. Дар бораи сабаби таркишҳои дигар ҳанӯз маълумоте дар даст нест.
Дар ҳамин ҳол, ба гузориши шабакаи телевизионии "Кabul News", бо истинод ба шоҳидони айнӣ, бар асари таркишҳо дар Кобул дастикам 20 мактаббача кушта ё захмӣ шудаанд.
Мақомоти Афғонистон дар бораи шумори қурбониёни таркишҳо то ҳол назаре ироа накардаанд.
Лентаи хабарҳо
0