Дар Русия низоми нави пардохт пайдо шуд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузаштан ба хазинаи аксЦБ сделал заявление на введение санкций
ЦБ сделал заявление на введение санкций - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бонки марказии Русия низоми нави пардохтро ба қайд гирифт, ки хадамоти пардохтӣ ва ташкилотҳои интиқоли пулро дар бар мегирад
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар феҳристи низомҳои пардохтии Бонки Русия як системаи нав пайдо шуд - "Hello". Чунин маълумот аз маводи танзимкунандаи асоси молиявии Русия бармеояд.
То 1 феврал "Транскапиталбонк" аз рӯи дороиҳо миёни бонкҳои Русия дар ҷои 38-ум қарор дорад.
Торномаи ин низоми нав нишон медиҳад, ки "Hello" маҷмуи хидматҳои пардохтӣ ва интиқоли пулиро дар бар мегирад.
Қаблан "Economic Times" хабар дода буд, ки Бонки давлатии рушди Русия ва Бонки захиравии Ҳиндустон (Бонки марказӣ) барои тиҷорати дуҷониба ба мувофиқа расидаанд.
Зарурат ба платформаи нави транзаксияҳо дар пасманзари таҳримҳои зидди Русия ба миён омад, ки дастрасии Маскав ба системаи ҷаҳонии бонкии SWIFT-ро маъ кардааст.
Бонки Русия меъёри бозтамвилро якбора поин бурд
Эҳтимол системаи нави пардохт дар марказ ва ВЭБ, инчунин дар Бонки захиравии Ҳиндустон насб карда шавад. Интизор меравад, ки он дар давоми як ҳафта ба кор андохта шавад.
Ҳадафи он таъмини "интиқоли ҳуҷҷатҳои воридотӣ ё содиротӣ барои муомилот бо рубл ва рупӣ" мебошад.
Коршиносон ҳамчунин гуфтанд, ки Русия ва кишварҳои дӯсташ бояд ба пули нав гузаранд.
Ба гуфтаи коршиносони Маркази таҳлили макроиқтисодӣ ва пешгӯии кӯтоҳмуддат ва Пажӯҳишгоҳи пешгӯии иқтисодии Академияи илмҳои Русия, барои таъсиси воҳиди пардохт шароити ҷиддӣ вуҷуд дорад.
Бесобиқа: Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро боло бурд
Дар байни онҳо табдили мушкили рубл барои гардиши савдои хориҷӣ ва маҳдуд кардани имкониятҳои Русия дар бозорҳои сармояи ҷаҳонӣ мебошад.
Ба гуфтаи коршиносон, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, Чин, Ҳинд, Эрон ва Туркия ба низоми нави ҳисоббаробаркуниҳо манфиатдор хоҳанд буд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд. Маҳдудиятҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расониданд.
Лентаи хабарҳо
0