Ҳавои салқину боронӣ: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

© SputnikОбзор на город Душанбе. Здание на фоне гор
Обзор на город Душанбе. Здание на фоне гор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
Пас аз чанд рӯзи гармои баҳорӣ дар Тоҷикистон ҳаво андаке салқин мешавад. Ба амал омадани раъду барқ ва борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳаво қисман абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Бар хабари Оҷонсии ҳавошиносии кишвар, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии ВМКБ боришоти сусти борон ба камал меояд. Дамои ҳаво рӯзона 18-23 ва шабона 8-13 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст, рӯзона ҳаво то8-13 дараҷа гарм, вале шабона 0-5 дараҷа сард хоҳад шуд
Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.
Сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Ҳушдори КҲФ аз боронҳои пуршиддату омадани сел дар баъзе минотиқи Тоҷикистон
Манбаъ ҳавои вилояти Хатлонро қисман абрнок арзёбӣ мекунад. Шабона дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Рӯзона асосан бебориш дар назар аст. Шамол дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, шабона ва саҳаргоҳон борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 14-16 ва рӯзона 24-26 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0