Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ният доранд, маркази логистикӣ бунёд намоянд

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкТаможенный пункт оформления, архивное фото
Таможенный пункт оформления, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистону Арабистони Саудӣ барои афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар ният доранд, як маркази логистикӣ таъсис диҳанд
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Ин масъала зимни мулоқоти маҷозии Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон ва Бандар Алхорайф, вазири саноат ва захираҳои маъдании Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии вазорати саноати Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат таъкид шуд, ки ин маркази логистикӣ ба афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Ба гуфтаи манбаъ, таъсиси чунин як маркази логистикӣ имкон медиҳад, нисбат ба масирҳои анъанавии логистикӣ молҳо зудтар интиқол дода шаванд.
Шералӣ Кабир - вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Баррасии масоили иқтисодии Тоҷикистон миёни вазири саноат ва БОР
Шералӣ Кабир қайд кард, ки Тоҷикистон барои рушди саноат ва фанновариҳои нав дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, пахта ва дорусозӣ имконоти кофӣ дорад.
Маҷмаи анборҳо нигоҳдории маҳсулот як маркази бузурги логистикӣ мебошад, ки дар он тамоми маҷмӯи амалиёти коркарди бор анҷом дода мешавад.
Сохтмони чунин марказҳои бузурги логистикӣ тамоюлест, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон хеле машҳур гардидааст. Логопарк ҷараёни боркашониро муттаҳид мекунад - молҳо нигоҳ дошта мешаванд, коркард ва ба дигар анборҳо тақсим карда мешаванд. Хусусияти фарқкунанда ин имкони фиристодани маҳсулот бо намудҳои гуногуни нақлиёт ва бор кардани мол мебошад.
Лентаи хабарҳо
0