Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Чаро марзи Тоҷикистону Қирғизистон зуд-зуд ба макони даргирӣ табдил меёбад? Видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Коршинос моҳияти ихтилофҳо дар марзи ду кишварро шарҳ дода, ба мушкилоте ишора кард, ки барои ҷилавгирӣ аз даргириҳои нав ниёз ҳаллу фасл доранд
Низоъҳоои даврӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ҳатто бо имзои санадҳои муштарак ва музокироти сулҳ ҳал кардан ғайриимкон аст.
Sputnik Тоҷикистон сабаби даргириҳоро аз Станислав Притчин, номзади илмҳои таърих, ходими калони илмии Маркази тадқиқотии Фарҳангистони Русия пурсид.
Ба гуфтаи ӯ, созишномаҳои имзошуда 100% кафолати рафъи фаврии низоъро намедиҳанд, зеро манбаи асосии баҳсҳо ҳал нашудааст.

"Мутаассифона, вақтҳои охир мо зуд-зуд шоҳиди имзои созишномаву шартномаҳо дар сатҳи сарони давлатҳо, дар сатҳи хадамоти марзбонӣ, ҳукуматҳои мақомоти минтақаӣ мешавем. Аммо дер ё зуд боз як даргирии дигар сурат мегирад", - қайд кард коршинос.

Притчин қайд мекунад, ки аксари вақт сабаби муноқиша пурра муайян нашудани сарҳад аст, зеро аз 900 километри сарҳади умумӣ танҳо тақрибан 400-500 километраш муайян шудааст.
Дар ҳамин ҳол коршинос қайд мекунад, ки ҳам Душанбе ва ҳам Бишкек ба ҷилавгирӣ аз муноқишаҳо манфиатдоранд, вале ба музокирот аксари вақт вазъҳои гуногуни демографӣ монеъ мешаванд.
Омили нигаронии сокинони наздимарзии Суғд аз беобӣ - тағйири табиат ё баҳси марзӣ?
"Агар дар чанд соли охир дар Тоҷикистон рушди демографӣ мушоҳида шуда бошад, пас дар Қирғизистон, вилояти Бодканд чандон сераҳолӣ нест ва мардум он ҷоро тарк мекунанд", - шарҳ дод мутахассис.
Притчин дар посух ба суол дар бораи сулҳи дарозмуддат дар сарҳад ба як қатор масъалаҳо, аз ҷумла масъалаи захираҳои об, қочоқ ва гардиши маводи мухаддир ишора кард.
Ин мушкилот, ба гуфтаи таҳлилгар, бояд дар тамоми сатҳҳои ҳукумат, инчунин бо кумаки ҷомеаҳои маҳаллӣ дар ду тарафи марз ҳаллу фасл шавад.
Ёдовар мешавем, ки 12 апрел, соати 18:20 дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии ҷамоати деҳоти Зафари Хистеварз, дар рӯ ба рӯи деҳаи Ҷан-Ҷери ҷамоати Кулундуи ноҳияи Лайлак тирпаронӣ рух дод.
Роҳи дигар нест: Раҳмон аз пешрафту мушкилоти музокироти марзӣ бо Қирғизистон гуфт
Сабаби муноқишаи мусаллаҳона задухӯрди лафзӣ миёни сардори отряди марзбонии Қирғизистон дар Кулунда ва марзбонони тоҷик будааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса 6 нафар аз ҷониби Қирғизистон ҷароҳат бардошта, се марзбони тоҷик низ захмӣ шудаанд, ки ду нафари онҳо аҳволи вазнин доранд. Дар пайи ин ҳаводис як сарбози захмии тоҷик ҷон бохт.
Лентаи хабарҳо
0