Тоҷикистону Туркия дар талоши афзоиши шумораи хатти парвозҳо миёни шаҳрҳои ду кишвар

© МИД РТАшрафҷон Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия
Ашрафҷон Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тоҷикистоун Туркия барои рушди ҳамкориҳо дар бахши хусусӣ ва афзоиши шумораи хатти парвозҳо миёни шаҳрҳои ду кишвар талош мекунанд
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Ин масъала ахиран дар Донишгоҳи иқтисод ва технологияи TOBB-и Анкара дар дидори Ашрафҷон Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия бо Рифат Ҳисарҷиклиоглу, президенти Иттиҳодияи палатаҳои тиҷоратию саноатӣ ва биржаҳои молии Туркия (TOBB) матраҳ гардид.
Бинобар иттилои Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ахиран зимни вохурӣ тарафҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни ду кишвар, аз ҷумла гардиши савдо, раванди ҷалби сармояи мустақими туркӣ ба Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо ба масоили ҷорӣ гардидани низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Туркия ва афзоиши шумораи хатсайрҳои миёни шаҳрҳои ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.
Таъкид шудааст, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти мубодилаи таҷриба вобаста ба рушди институтсионалӣ ва ташаккули инфрасохтори муосири соҳибкорӣ, бахусус баланд бардоштани иқтидори ассотсиатсияву палатаҳои тиҷоратии Тоҷикистон давраҳои омӯзишӣ ташкил намоянд.
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Туркия сарморо намехоҳад: Эрдуғон аз таҳримоти зидди Русия даст кашид
Инчунин зикр гардидааст, ки барои рушди ҳамкориҳо миёни бахши хусусии ду кишвар бо мусоидати ҷонибҳо давоми соли ҷорӣ форумҳои сармоягузорию тиҷоратӣ ташкил карда мешаванд.
Ёдрас менамоем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия 29 январи 1992 барқарор шуданд.
Байни ду кишвар зиёда аз 65 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Лентаи хабарҳо
0