Манъи вуруди беш аз 50 ҳазор муҳоҷир ба Русия

© Sputnik / Сергей Пивоваров / Гузаштан ба хазинаи аксПосадка на вывозной поезд из Ростова-на-Дону в Узбекистан
Посадка на вывозной поезд из Ростова-на-Дону в Узбекистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Қонунгузории Русия 22 асосро барои муваққатан мамнуъ кардани вуруд пешбинӣ мекунад, ки асоситаринашон миқдори зиёди ҷиноятҳост
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Тайи 3 моҳи соли 2022 вуруди беш аз 50 ҳазор муҳоҷир ба Русия мамнуъ шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод.
Раёсат таъкид кардааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 7 ҳазор нафар камтар аст. Он замон қариб 60 ҳазор муҳоҷир ба Русия омада натавонистанд.
Ин омор ба ҷуз аз шаҳрвандони хориҷӣ шахсони бешаҳрвандро низ шомил мешавад.
Одатан муҳоҷир дар сурати доштани қонуншикании зиёди маъмурӣ аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум карда мешавад.
Шаҳрвандони дигар давлатҳо наметавонанд ба Русия сафар кунанд, агар шартҳои будубошро дар ҷараёни сафари қаблӣ риоя накарда ва тартиби убури сарҳадро вайрон карда бошанд.
Работники коммунальных служб убирают снег на улицах Москвы. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Ихроҷи қариб 60 ҳазор муҳоҷир аз Русия барои нақзи қонун
Дар сурати пешниҳоди маълумоти бардурӯғ, доғи судӣ, қарз ва ҷарима, ширкат дар созмони мамнуъ ё террористӣ, дар сурати ихроҷ шудан, вориди кишвар шуда наметавонед.
Дар маҷмуъ қонунгузории Русия 22 асос барои мамнуияти муваққати вурудро пешбинӣ мекунад.
Қаблан Вазорати корҳои дохилии Русия гуфта буд, ки дар семоҳаи аввали соли 2022 онҳо тамоюли мусбатро дар байни шаҳрвандони дигар давлатҳо қайд кардаанд.
Муҳоҷирон ба тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои будубош дар Русия бештар талош доранд.
Миёни муҳоҷирон дар Русия як тамоюли нав мушоҳида шуд
Раёсат гуфт, шумораи хориҷиёне, ки сабти ном, патент, иқомати муваққатӣ ва иҷозаи иқомат гирифтаанд, нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Вазорати корҳои дохилӣ инчунин дар бораи бозгашти ҷараёни муҳоҷират дар Русия ба нишондиҳандаҳои пеш аз пандемия хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0