Хатсайри автобусҳо миёни Қазоқистон ва Русия аз сар гирифта мешавад

© Sputnik / Елена БережнаяНовые автобусы в Петропавловске
Новые автобусы в Петропавловске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Обуна шудан
Ҷамъияти саҳҳомии "Омскоблавтотранс" хидматрасонии хатсайрҳои байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистонро аз сар гирифт. Автобусҳо аз 22 апрел ба ҳаракат медароянд
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Ширкати нақлиётии "Омскоблавтотранс"-и Русия аз 22 апрел ба далели лағви маҳдудиятҳои убури марзи давлатии Қазоқистон дар гузаргоҳҳои заминӣ бо Русия хидматрасонӣ дар як қатор хатсайрҳои байналмилалиро аз сар гирифт.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳаракати автобусҳои байналмилалӣ дар хатсайрҳои Омск - Павлодар, Омск - Кокшетау ва Омск - Петропавловск аз сар гирифта мешавад.
Автобуси хатсайри Омск — Павлодар аз автовокзали Омск аз 22 апрел ҳар рӯз, соати 15.00 ба Қазоқистон меравад.
Роҳкиро аз шаҳри Омск то шаҳри Павлодар 1400 рубл хоҳад буд.
Автобуси хатсайри Омск — Кокшетау аз 23 апрел оғоз шуда, як рӯз баъд аз автовокзали Омск ҳаракат мекунад. Вақти оғоз сафар соати 12:00.
Нархи роҳкиро аз шаҳри Омск то шаҳри Кокшетау 953 рубл хоҳад буд.
Автобуси Омск — Петропавловск аз автовокзали Омск аз 22 апрел, ҳар рӯз, соати 08-05 ҳаракат мекунад.
Нархи роҳкиро аз шаҳри Омск то шаҳри Петропавловск 550 рубл қимат дорад.
Оғози ҳаркати байналмилалиро президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва губернатори вилояти Омск Александр Бурков баррасӣ карданд.
Сафорат гуфт, киҳо аз Тоҷикистон метавонанд аз роҳи заминӣ вориди Русия шаванд
Бурков гуфт, ба парвозҳои мустақими Омск - НурСултон талабот зиёд аст, бинобар ин дар нақша аст, ки парвозҳои ҳаррӯза ташкил шаванд.
Пассажирский самолет в небе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Теъдоди парвозҳои миёни Тоҷикистону Қазоқистон афзоиш меёбад
Дар ҳоли ҳозир музокирот дар бораи парвозҳои мустақим ба Алмаато, Павлодар, Петропавловск, Чимкент ва Актау идома дорад.
Ин дар ҳолест, Тоҷикистону Қазоқистон азм доранд, ки то тобистони соли равон теъдоди парвозҳои ҳавопаймо байни ду кишварро дар як ҳафта ба 6 адад расонанд.
Лентаи хабарҳо
0