Партоби муваффақи мушаки балистикии қорапаймои “Сармат”

© Министерство обороны РФ / Гузаштан ба хазинаи аксЗапуск тяжелой межконтинентальной баллистической ракеты "Сармат". Архивное фото
Запуск тяжелой межконтинентальной баллистической ракеты Сармат. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати дифои Русия аз озмоиши муваффақи мушаки навбатии балистикии қорапаймо, ки “Сармат” ном гирифтааст, хабар дод
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Вазорати дифои Русия аз партоби муваффақи мушаки баллистикии қорапаймои “Сармат” аз пойгоҳи фазоии Плесетск хабар дод.

"Нақшаҳои партоб пурра иҷро шуданд. Хусусиятҳои мушак дар тамоми марҳилаҳои парвози он тасдиқи худро пайдо кард. Кулоҳакҳои омӯзишӣ ба як минтақаи муайян, ба тамрингоҳи Кура дар нимҷазираи Камчатка ба ҳадаф расиданд", — қайд кард Вазорати дифоъ.

Вазорати дифоъ тавзеҳ додааст, ки ин нахустин тамрин дар барномаи давлатӣ аст.
Манбаъ илова кардааст, ки озмоишҳои мушаки ояндадор “имкон дод, дурустии техникӣ ва сохтории он ки дар вақти сохти мушак асос гузошта мешаванд", арзёбӣ гардад.
Атомная подводная лодка Северодвинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
"Партоби як мушак кофист": Русия силоҳи нав алайҳи киштиҳои ҳавопаймобар мегирад
Тавре интизор меравад, "Сармат" пас аз озмоишҳо ба нерӯҳои стратегии Русия таҳвил мешавад. Ин мушакҳо ба нерӯҳои мушакии "Ужур"-и Красноярск дода мешавад.
“Сармат” як системаи мушакии стратегии сангин аст, вазни он беш аз 200 тонна мебошад. Тибқи сарчашмаҳои озод, вазни партоби мушак 10 тонна мебошад. Ин мушак қарор аст, мушакҳои дурбурди “Воевода”-ро дар артиши Русия иваз намояд. Русия дар солҳои ахир ба навсозии артиш, бахусус мушакҳои дурбурд аҳамияти хос медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0