Рублу доллар бетағйир: эълони қурби асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷии нисбатан серистеъмол дар кишварро, ки рубли Русия аз ҷумлаи онҳо мебошад, муқаррар кардааст
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Қурби рубли Русия дар дар бозори ғайринақдии Тоҷикистон бетағйир монда, дар сатҳи 0,1547 сомонӣ ҳифз карда шудааст.
Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод. Дар баробари рубл инчунин пули амрикоӣ арзишашро дар сатҳи рӯзи қаблӣ нигоҳ доштааст.
Феълан як доллари амрикоӣ дар бозори ғайринақдии Тоҷикистон 12,5075 сомонӣ арзиш дорад, ки рӯзе пеш ҳам чунин буд.
Дар миёни асъори хориҷӣ расман қурби евро поин рафтааст. Аз ҷумла 1 евро муодили 13,4968 сомонӣ мебошад. Дар ҳоле рӯзи гузашта евро 13,5256 сомонӣ арзиш дошт.
Ба иттилои БМТ қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои доллари ИМА аз 12,5075 то 12.50 сомонӣ мебошад.
Монеты номиналом один рубль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Уфт ё ҷаҳиш? Иқтисоддон гуфт, ки то охири моҳи апрел бо рубл чӣ мешавад
Яке евро дар бозори нақд аз 13,4968 то 13, 52 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Арзиши харидфурӯши рубли Русия дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0,1547 то 0,1560 сомонӣ нишон дода шудааст, ки нисбати нишондоди рӯзи гузашта каме баландтар мебошад. Рӯзе қабл як рубли Русия дар бозори нақд то 0,1555 сомонӣ арзиш дошт.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба қурби Русия зиёд мебошад. Далелаш зиёд будани теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар Русия аст, ки садҳо ҳазор нафар бо ин асъор маош мегиранду ба Ватан равон мекунанд.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи зикршуда, қонуншиканӣ ба шумор рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0