Суитафоҳум дар миёни ИМА ва Арабистони Саудӣ ба баландтарин нуқта расид

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузаштан ба хазинаи аксПринц Саудовской Аравии М. ибн Салман Аль Сауд
Принц Саудовской Аравии М. ибн Салман Аль Сауд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Рӯзномаи "Wall Street Journal" навиштааст, ки суитафоҳум миёни ИМА ва Арабистони Саудӣ бинобар амалиёти вижаи Русия дар Украина ба баландтарин нуқта расидааст
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Рӯзномаи "Wall Street Journal" ахиран дар истинод ба мақомоти амрикоӣ ва Саудӣ навиштааст, ки суитафоҳум миёни ИМА ва Арабистон Саудӣ пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина ба нуқтаи баландтарин расидааст.
Рӯзнома менависад, ки равобити Иёлоти Муттаҳида ва шарикаш дар Ховари Миёна дар соли 2019 дар пасманзари ҷанҷоли куштори рӯзноманигори мухолифи Саудӣ Ҷамол Хошуқҷӣ "ба сатҳи пасттарин дар даҳсолаҳои охир расид".
Баъдан Ҷо Байден дар ҳоле ки ҳанӯз номзад ба мақоми президентӣ буд, ваъда дод, ки Арабистони Саудиро ба далели вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ба як кишвари “нохушоянд” дар арсаи ҷаҳонӣ табдил медиҳад.
Отделение банка. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Харидуфурӯши нафт ҳам бо рубл сурат мегирад?
Ин раванд дар соли 2022, дар авҷи буҳрони Украина идома ёфт. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони рӯзнома, дар тамосҳои ахир Кохи сафед талаб кардааст, ки Риёз истихроҷи нафтро афзоиш диҳад, то талаботи он дар бозорҳои ҷаҳонӣ коҳиш ёбад ва ба ин васила “маблағгузорӣ”-и амалиёти низомии Русия дар Украинаро коҳиш диҳад. Аммо мақомоти Арабистони Саудӣ ба ин дархост посух надодааст.

"Дар ниҳоят валиаҳди 36-сола (Муҳаммад бин Салмон Оли Сауд) пас аз матраҳ кардани масъалаи куштори рӯзноманигори Саудӣ Ҷамол Хошуқҷӣ дар соли 2018 ба сӯйи Ҷейк Салливан (мушовири амнияти миллии ИМА) дод задааст", - навиштааст рӯзнома.

Шоҳзода ба Салливан гуфтааст, ки ӯ дигар намехоҳад ин масъаларо баррасӣ кунад ва Иёлоти Муттаҳида метавонад дархости худ дар бораи афзоиши истихроҷи нафтро фаромӯш кунад.
Самая высокая башня в мире, Бурдж-Халифа, видна за минаретом в Дубае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
ИМА хост, Арабистони Саудиро барои "дастгирии Русия" муҷозот кунад
Манобеъ мегӯянд, ки дар пасманзари ин ихтилофот ҷониби Арабистони Саудӣ сафари тарҳрезишудаи Ллойд Остин, роҳбари Пентагон ба ин кишварро лағв кардааст. Сабаби расмии ин тасмим таъхир дар ҷадвал аст, аммо шоми ҳамон рӯз онҳо дар Риёз "яке аз сиёсатмадорони воломақоми Русияро, ки таҳти таҳримоти ИМА қарор дорад," ба ҳузур пазируфтанд. Номи ин мақоми рус зикр нашудааст.
Гуфта мешавад, ки пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина қимати нафт дар ҷаҳон башиддат боло рафт, аммо дар ин вазъ Арабистони Саъудӣ иқдоме накард, таъкид мекунанд мусоҳибон. Иёлоти Муттаҳида бар он назар аст, ки саудиҳо дар қиёс ба Кохи сафед мехоҳанд бештар бо Кремл ҳамкорӣ кунанд. Барои мисол, дар моҳи марти соли равон мақомоти Арабистони Саудӣ борҳо пешниҳоди гуфтугӯҳои телефонӣ бо намояндагони Вашингтонро рад карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0