Вижагиҳои ҳамлаи Русия дар Донбасс ва Запароже

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузариш ба медиабонкКомбинат имени Ильича в Мариуполе после освобождения от боевиков
Комбинат имени Ильича в Мариуполе после освобождения от боевиков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Обуна шудан
Ҳамлаи нерӯҳои Русия дар Донбасс дар пасманзари зарбаҳои шадиди ҳавоӣ, мушакӣ ва артиллерӣ, ҳамзамон дар ҷабҳа ва дар ақибгоҳ дорад
Вазифаҳои марҳилаи дувуми амалиёти вижаи Русия аз муҳосираи гурӯҳии нерӯҳои Украина дар Донбасс, эҷоди контури беруна дар хатти Гуляйполе – Павлоград - Изюм барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои ҷавобӣ аз самти Ғарб ва аз байн бурдани аксари қисмҳои ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Украина, ки шумораашон то 100 ҳазор нафар аст, иборат мебошад.
Аз 18 апрел нозирон дар қаламрави ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луҳанск оташи тӯпхонаҳои густарда ба мавқеъҳои нерӯҳои Украинаро мушоҳида кардаанд.
Ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавоӣ ба иншоот, таҷҳизот ва захираҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина дар қаламрави вилоятҳои Николаев, Запороже, Днепропетровск, Харков, Киев, Лвов аз миқёси амалиёте тақрибан бо вусъати 500-километрӣ ва умқи 1000-километрӣ далолат мекунад.
Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 18 апрел дар бораи оғози "ҷанг барои Донбасс" хабар дод. Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров, изҳороти Зеленскийро ҷиддӣ баррасӣ кардан ғайриимкон аст, зеро ӯ пайваста нуқтаи назари худро тағйир медиҳад. Бо вуҷуди ин Вазорати хориҷаи Русия оғози марҳилаи дувуми амалиёти вижаро таъйид кард.
Упаковка вооружения США для отправки на Украину - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Тазйини "сели оҳан"-и НАТО дар Украина – ҳадаф ва васоили Русия
Кураторҳои ғарбӣ борҳо ба режими Киев пешниҳод кардаанд, ки як қисми нирӯҳоро аз Донбасс “ба ҷабҳаи дувуми дифоъ” берун орад, то тавоноии ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Украинаро ҳатто ҳангоми муҳосираи “ҷабҳаи шарқӣ” нигоҳ дорад, аммо Зеленский инро рад кардааст.
Нерӯҳои украинӣ дар Мариупол шикаст хӯрда, талафоти ҳайати шахсӣ ва мошинҳои зиреҳпӯш хеле зиёданд. Тибқи иттилои расонаҳои Киев дар бораи "ғалаба"-и қарибулвуқуъ, гурӯҳҳои ҚМУ дар Донбасс тақрибан 15 000 ҷангии ботаҷриба, даҳҳо мушовири низомии НАТО ва як қисми муҳими аслиҳаи ғарбиро ба таври бебозгашт талаф дод.
Қувваи оташфишон ва бартарии технологии қувваҳои мусаллаҳи Русия ба нерӯҳои Украина танҳо шикастҳои навро кафолат медиҳанд.

Тактикаи террористии Киев

Қувваҳои мусаллаҳ ва ГМУ натавониста ба ҳамлаи муассир муқобила кунанд, бинобар ин ба тактикаи бенатиҷаи зарбазанӣ ба шаҳракҳои осоиштаи ҷумҳуриҳои Луганск ва Донетск, минтақаҳои наздисарҳадии Русия рӯ овардааст.
Субҳи 19 апрел аз ҷониби Украина ба деҳаи Головчинои вилояти Белгород аз тӯпхонаҳо тир холӣ карда шуд. Се нафар аз сокинон маҷрӯҳ шуданд, беш аз 30 хона осеб дид. Ва ин панҷумин зарбаҳои мушобеҳи "парешон" аст. Аз 11 апрел дар манотиқи марзии панҷ субъекти Федератсияи Русия сатҳи баланди таҳдиди террористӣ эълон шудааст.
Генералҳои ХАУ рахна кардани хатти сарҳади давлатиро бо ишғол намудани маҳалҳои ахолинишини вилоятҳои Белгород, Брянск, Воронеж ё Курск аз тарафи қисмҳои низомии алоҳидаи механиконидашудаи ҚМУ асоснок ва комилан имконпазир мешуморанд.
Упаковка вооружения США для отправки на Украину - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Тазйини "сели оҳан"-и НАТО дар Украина – ҳадаф ва васоили Русия
Аз нигоҳи низомӣ,тактикаи террористӣ бемаънӣ аст, аммо Украинаро Ғарб 30 сол боз ҳамчун “антируссия” шакл додааст.
Аз ин рӯ ҳама гуна иғво ва ҳамлаҳо алайҳи аҳолии осоиштаи Федератсияи Русия барои режими Киевқобилиқабул дониста мешавад. Дар ин замина муборизаи фаъоли нерӯҳои Русия бо тахрибкорони ХАУ дар вилояти Херсон тақрибан шӯбонӣба назар мерасад ва мавқеи роҳбари СММ мутаноқиз аст.
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш аз ҳамлаҳо ба Лвов, Днепропетровск, Харков ва Миколайв, “талафоти зиёди ғайринизомиён ва харобкорӣ” сахт нигарон аст. Ӯ аз "вазъияти даҳшатноки башардӯстона дар Мариуполи муҳосирашуда" хеле нигарон аст.
Дар хотир доред, ки аз соли 2016 Гутерриш, дабири кулли СММ аз ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар Донбасс чандон нигарон набуд. Дар як мусоҳибае ӯ гуфта буд: "Ман ҳеҷ гоҳ касе набудам, ки яке аз тарафҳо битавонад бо ҳадафҳои сиёсӣ аз ман истифода кунад... Дабири кулли СММ ин мақомро ба хотири хидмат ба ҷаҳониён мегирад, ба оиннома эҳтиром мекунад ва абзори як кас дар муқобили дигар ифротгаро набошад". Оё дар ҳақиқат чунин аст?
Сурия дар бораи ҷиноятҳои ҷангии эътилофи Амрико ба СММ нома фиристод. Аз моҳи июн то октябри соли 2017 нерӯҳои эътилофи байналмилалии ғайриқонунӣ таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида шаҳри Раққаро несту нобуд карда, ҳазорон ғайринизомиро куштанд, аммо ҷаҳон аз нигаронии Гутерриш чизе нафаҳмид. Сӣбиолабораторияи Пентагон дар Украина низ дабири кулли СММ-ро нигарон накардааст.
Сарфи назар аз арзёбиҳои субъективию якҷонибаи раҳбарон ва афсарони ғарбӣ амалиёти вижаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар Украина бо расидан ба ҳама ҳадафҳои дар пеш гузошташуда анҷом мешавад.
Хроленко рассказал, как уничтожается оружие НАТО на Украине
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Русия силоҳҳои НАТО-ро дар Украина чӣ гуна нобуд мекунад - видео
Сергей Кириенко, муовини аввали раиси Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Русия гуфт, Русия ҳама корро мекунад, то миллатгароӣ дигар ҳеҷ гоҳ сари худро дар ҳеҷ гӯшаи ҷаҳон баланд накунад. Украина давлатдории худро нигоҳ медорад ва он дигар ҳеҷ гоҳ ба майдони парвариши лоиҳаи зидди Русия табдил нахоҳад шуд
Аз рӯзи аввали амалиёти вижа ташаббус дар амалиёти Украина танҳо ба нерӯҳои Русия тааллуқ дорад. Танҳо шаби 19-уми апрел мушакҳои нерӯҳои ҳавоии Русия 13 истгоҳи қувваҳои мусаллаҳи Украина, 53 минтақаи тамаркузи нерӯи корӣ ва техникаи ҳарбиро дар наздикии Славянск, Барвенково ва Попасная пахш карданд.
Авиатсияи оперативӣ-тактикӣ ва артиши Русия ба 60 ҳадафи низомии душман, аз ҷумла се посгоҳи фармондеҳӣ ва ду анбори кулоҳакҳои мушакҳои тактикии “Точка-У” ҳамла карданд.
Илова бар ин нерӯҳои мушакӣ ва тӯпхонаӣ 1260 объекти қувваҳои мусаллаҳи Украина, аз ҷумла 25 нуқтаи фармондеҳӣ дар ноҳияҳои Николаев, Кировск, ду анбори аслиҳаи мушакӣ ва тӯпхона дар наздикии Воскресенск, ду системаи дифои ҳавоии “Бук-М1”-ро “безарар” гардониданд.
Системаҳои дифои ҳавоии Русия дар вилояти Донетск боз як ҳавопаймои “МиГ-29”-и украиниро сарнагун карданд. Дар ҷараёни амалиёти вижа 140 ҳавопаймои нерӯҳои мусаллаҳи Украина нобуд карда шуд. Лоиҳаи Вашингтон дар Украина моҳҳои охири худро ба сар мебарад. Қариб ҳамаи он чизе, ки ИМА ва НАТО режими фашистии Киевро бо он мусаллаҳ карда буданд, аз байн бурда шуд.
“Reuters” қайд мекунад, ки Русия бо вуҷуди таҳримҳои нави Ғарб қодир аст, дар Украина муддати тӯлонӣ ҷанг кунад. Иқтидори мудофиавии баландтехнологии ин кишвар ва "ғазаби наҷиб"-и мардуми рус бори дигар Аврупо ва ҷаҳонро аз "вабои қаҳваранг" наҷот медиҳад.
Моҳияти одилонаи амалиёти вижаи Федератсияи Русия аз он шаҳодат медиҳад, ки аксари кишварҳои ҷаҳон алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ накардаанд.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0