Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Зиёда аз 200 нафар аз Мариупол берун оварда шуданд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксДым над заводом "Азовсталь" в Мариуполе
Дым над заводом Азовсталь в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Аз Мариупол ба Ҷумҳурии Мардумии Донетск 209 нафар, аз ҷумла 56 кӯдак оварда шуданд. Онҳоро дар маркази қабули гурезагони дохилӣ ҷой доданд
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Беш аз 200 нафар, аз ҷумла 56 кӯдак аз Мариупол ба Безименноеи Ҷумҳурии Мардумии Донетск, ки дар он маркази қабули паноҳандагони дохилӣ мустақар аст, оварда шуданд.
Дар ин бора Ситоди дифоии манотиқи ҶМД хабар медиҳад.

"Дар давоми рӯз, аз соати 08:00 то 16:00 аз Мариупол ба Безименное, ноҳияи Новоазовский 209 нафар, аз ҷумла 56 кӯдак кӯчонида шуданд", - гуфта мешавад дар шабакаи телеграмии ситод.

Қаблан ситод хабар дода буд, ки дар як рӯзи гузашта, аз соати 08:00-и 20-уми апрел то 08:00-и 21-уми апрел 543 нафар, аз ҷумла 63 кӯдак ба макони бехавф кӯчонида шуданд.
Дар замони эълони ҶМД, дар соли 2014 Мариупол, ки ҳудуди 450 ҳазор аҳолӣ дорад, дувумин шаҳри ин ҷумҳурӣ пас аз Донетск буд, аммо моҳи июни ҳамон сол нерӯҳои амниятии Украина Мариуполро таҳти назорат қарор доданд.
Рӯзи 7 март, 12 рӯз пас аз оғози амалиёти вижаи Русия барои безараргардонии Украина муовини фармондеҳи баталони "Восток" Александр Семёнов эълом дошт, ки шаҳр муҳосира ва поксозии навоҳии алоҳидаи он шуруъ шудааст.
Намояндаи расмии Вазорати дифои Русия Игор Конашенков рӯзи 16 апрел хабар дод, ки тамоми қаламрави шаҳр аз артиши Украина, зархаридони хориҷӣ ва неомиллатгароён аз полки "Азов" (нисбати ҷангиёни ин гурӯҳ дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст) пок карда шудааст.
Президент РФ В. Путин провел совещание по развитию агропромышленного и рыбохозяйственного комплексов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Фармони Путин дар бораи муҳосираи "Азовстал": Пашшае пар назанад
Ин дар ҳолест, ки нерӯҳои Русия рӯзи 21 апрел Мариуполро пурра таҳти назорат гирифтаанд.
Дар ин шаҳр беш аз 8 ҳазор нафар аз низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи Украина, воҳидҳои миллатгароён ва зархаридони хориҷӣ ҳузур доштанд.
"Дар ҷараёни озод кардани шаҳр беш аз 4 ҳазор нафар нобуд, 1478 нафар таслим, гурӯҳи боқимондаи беш аз 2000-нафарӣ дар минтақаи саноатии "Азовстал" муҳосира шуданд", - гуфт Сергей Шойгу.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Вазорати дифои Русия аввалин гурезаҳоро аз Изюми вилояти Харков берун овард
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0