Ҳукумати Ашт гирифтани қитъаи заминро осон кард: имзову муҳр дар як ҷо гирифта мешавад

© Хадамоти матбуотии президенти ТоҷикистонЗаминҳои ноҳияи Ашт
Заминҳои ноҳияи Ашт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар ноҳияи Ашт додани қитъаи замин ва барасмиятдарории онро осон намуданд. Минбаъд сокинон метавонанд шахсони масъул, имзо ва муҳри идораҳои давлатиро дар як утоқ дарёфт кунанд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар ноҳияи Ашт маркази ягонаи қабули шаҳрвандон ё “Равзанаи ягона” ташкил шудааст, ки мақсадаш ба таври осон ва шаффоф додани қитъаи замину барасмиятдарории санади он гуфта мешавад.
Дар ин бора хадамоти матбуотии ҳукумати ноҳияи Ашт хабар медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, “Равзанаи ягона” имкон фароҳам меовард, ки сокинон ба фарқ аз гузашта барои ҷамъоварии имзову муҳр дар ба дари идораҳо ба сарсонӣ дучор нашаванд.

“Ҳайати ”Равзанаи ягона” ба ҳисоби муовини раиси ноҳия аз даҳ масъули идораҳо иборатанд. Онҳо дар як утоқ ҷамъ шуда, муроҷиати шаҳрвандонро ҷиҳати додани замин ва ҳуҷҷатгузории он баррасӣ мекунанд” – хабар доданд аз ҳукумати ноҳияи Ашт ба Sputnik Тоҷикистон.

Ташкили маркази қабули ягонаи комиссияи ҳукуматӣ дар ноҳияи Ашт дар ҳолест, ки вақтҳои охир сокинон дар бораи мушкили гирифтани қитъаи замин ва дарёфти санаду муҳру имзои роҳбарони идораҳои замин дар Суғд таъкид меварзанд.
Аз ҷониби дигар омори расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳокӣ аз он аст, ки замин ба як василаи асосии коррупсионӣ табдил ёфта ва ҳамасола даҳҳо мансабдори ҳукуматӣ бо ҷурми ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаи замин ва ё харидуфурӯши он боздошту муҷозот мешаванд.
Подпись документов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2022
Чанд нафар дар ярмаркаи ноҳияи Ашт соҳиби ҷои кор шуд?
Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар як соли охир вобаста ба ғайриқонунӣ ҷудо намудани замин 80 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Тибқи иттилои ӯ, дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 22, Истаравшан 13, Ашт 9, Хуҷанд 8, Деваштич 7, Спитамен ва Конибодом, ҳар яке 2-тоӣ, Б. Ғафуров, Исфара, Мастчоҳ ва Айнӣ 1-тоӣ парванда боз шудааст.
“Аз ҷумла нисбати як нафар корманди Кумитаи замин, 23 корманди КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, 15 нафар аз масъулини ҷамоатҳои деҳот, се нафар аз масъулини соҳаи маориф ва 9 раиси хоҷагии деҳқонӣ парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба ғайриқонунӣ додани замин, қаллобӣ ва гирифтани пора боз шудааст” - таъкид кардаанд масъулини прокуратураи Суғд.
Дар Мастчоҳ ба деҳқонҳое, ки пахтаашон оташ зада шуд, чигиту сӯзишворӣ доданд
Инчунин нисбати 4 масъули ҳукумат дар навоҳии Суғд низ парванда оғоз шудааст. Давоми соли гузашта дар пайи назорати иҷрои қонунгузории замин маълум шудааст, ки дар маҷмуъ 5506,53 га замин дар навоҳии Суғд худсарона ишғол гардида ва ё ба таври ғайриқонунӣ ҷудо карда шудаанд.
Заминҳои дар истифодаи қайриқонунӣ қарордошта ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.
Масъулони ҳукумати Ашт мегӯянд, “Равзанаи ягона” рӯзи чаҳоршанбеи ҳар ҳафта муроҷиати шаҳрвандонро дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин баррасӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0