Ғарами барф ва бесарнишинҳо: баргузории размоиши тирандозони арктикӣ

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Низомиёни Русия дар шароити бади обуҳавоӣ истифода аз навъҳои гуногуни силоҳи ҷангиро машқ намуданд
Машқҳои васеъмиқёси Арктика дар тамрингоҳи ҳарбӣ, дар наздикии деҳаи Алакурти вилояти Мурманск баргузор шуданд
Дар тамрин хидматчиёни ҳарбии Бригадаи алоҳидаи савораи тирандози Арктикаи Сипоҳи Флоти шимолӣ иштирок доштанд.
Дар рафти машқҳо нерӯҳо меъёрҳои ба дараҷаи баланди тайёрии ҷангӣ расонданро кор карда баромада, ба маҳалҳои муайяншуда гузаштанд ва душманҳои шартиро маҳв намуданд.
Партоби муваффақи мушаки балистикии қорапаймои “Сармат”
Инчунин дар рафти машқҳо тирандозҳо бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишини "Орлан-10" супоришҳои иктишофии ҳавоиро анҷом медоданд.
Зикр гардид, ки низомиён ҳангоми тирпарронӣ аз навъҳои гуногуни аслиҳа амалҳои фармондеҳиро тамрин намуданд.
Нишаст зери боли В-52 — ҳадафе, ки ба варта мебарад
Барои тирпаронӣ ба ҷуз аз аслиҳаи тирандозӣ аз норинҷакҳои РПГ-7, АГС-17, норинҷакандозҳои "Игла" ва мошинҳои ҷангии тақлидкунандаи зиреҳпӯш, ҳадафҳои ҳавоии пастпарвоз истифода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0