Ба канали "Хоҷабаҳорон" об омад, вале хеле кам

© PxhereМытье рук в чистой воде
Мытье рук в чистой воде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Пас аз бист рӯзи хушкшавӣ ба канали наздимарзии "Хоҷабаҳорон"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров об омад, вале ҳаҷми об хеле кам аст
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Абдуллозода Аминҷон, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ду рӯз ба ин тараф об тавассути канали “Хоҷабаҳорон” ҷорӣ аст. Ӯ гуфт, ки ҳаҷми оби ҷоришаванда хеле кам аст.

"Ҳоло то 500 литр об ҷорӣ шудаи стодааст. Ин хеле кам аст", - иброз намуд сардори идораи об.

Канали "Хоҷабаҳорон"-и вилояти Суғд, ки дар марз бо навоҳии Қирғизистон ҷойгир аст, имкони ҷори намудани беш аз 10 куб обро дорад. Ин наҳр пурра моли Тоҷикистон мебошад ва ҳанӯз соли 1953 барои обёрии заминҳои кишварзии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд сохта шудааст.
Обе, ки аз ин канал ҷорӣ мешавад, тибқи санадҳои имзошудаи байнидавлатӣ, 71% ҳаққи Тоҷикистон ва 29% -и дигар ҳаққи ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Қирғизистон гуфта мешавад.
Ҳудуди 14 ҳазор га заминҳои пахта ва дигар зироати сокинон аз тариқи ҳамин канал обёрӣ мешавад.
Аммо масъулони идораи обёрии замин мегӯянд, ҳаҷми обе, ки ҳоло аз ин наҳр аз қаламрави Қирғизистон ҷорӣ мешавад, дар муқоиса ба соли гузашта ба таври қобили мулоҳиза кам аст.
Река Кура в Азербайджане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Омили нигаронии сокинони наздимарзии Суғд аз беобӣ - тағйири табиат ё баҳси марзӣ?
"Аз 2,5 куб оби мавҷуд, ҳамагӣ як ҳиссаи он ҷорӣ аст, ки ин кифоя нест”, - гуфт Абдуллозода.
Масъулони идораи об мегӯянд, солҳои қаблӣ ҳам мушкили ҷоришавии оби ин наҳр дида мешуд, аммо на ба он ҳадде ки ҳоло дида мешавад. Ҳоло аз ҳисоби оби ҷоришавандаи ин наҳр сокинон ҳавзҳои саҳроии худро пур мекунанд ва ба ин васила мушкили обёрии киштзорҳояшонро аз сар мегиранд.
Ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ва Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон навоҳии наздимарзии аграрӣ буда, умдатан сокинони онҳо аз ҳисоби кишту парвариши пахтаву пиёз ва боғи зардолу рӯзӣ ба даст меоранд.
Лентаи хабарҳо
0