Холназаров роҳбари Федератсияи бадансозӣ таъйин гардид

© Sports Information AgencyТоле Холназаров
Толе Холназаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Дар Федератсияи бадансозии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Роҳбари нави ин федератсия Толеъ Холназаров таъйин гардид
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Дар Федератсияи бадансозии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Тибқи маълумоте, ки Sputnik Тоҷикистон дар даст дорад, роҳбари пешини ин ниҳод Олим Парпиев бо сабаби гузаштан ба кори дигар роҳбарии федератсияро канор гузошт.
Ҷойи ӯро варзишгари маъруфи тоҷик Толеъ Холназаров, ки қаблан дар Дубай кору зиндагӣ ва тими паралимпии ин кишврро роҳбарӣ мекард, таъйин шуд. Муовинони ӯ Додар Бедимоғов ва Фарзон Мамуров таъйин гардиданд.
Довароне аз Тоҷикистон бозиҳои Ҷоми AFC-2022-ро доварӣ мекунанд
Дар ҳамин ҳол Холназаров пас аз такя задан ба курсии роҳбари Федератсияи бадансозӣ изҳор доштааст, ки кори Парпиевро идома хоҳад дод.
"Мо бояд барои оммавӣ кардани бодибилдинг ва пауэрлифтинг корҳои зиёдеро анҷом диҳем. Вазифаи асосӣ ҷалби сарпарастон барои дастгирии варзишгароне, ки дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат мекунанд, мебошад", -гуфт Холназаров.
Дар мавсими имсола баргузории мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар ин навъи варзиш ва як қатор чорабиниҳои дигар дар назар аст. Ҳоло Холназаров ба тамрини варзишгарон машғул аст. Ӯ худ низ мехоҳад, ба варзиш баргардад, вале вазъ имкон намедиҳад, ки дубора ба варзиш рӯ орад.
Ӯ ҳангоми омодагӣ ба Қаҳрамонии ҷаҳонии соли 2011, дар яке аз тамринҳо ҷароҳати вазнин бардошт. Амалиёти ҷарроҳӣ душвор гузашт, вале ҳозир ҳамааш хуб аст, - афзуд Холназаров.

Пирӯзиҳои Толеъ Холназаров

Толеъ Холназаров яке аз асосгузорони пауэрлифтинг дар Тоҷикистон аст. Дар ин намуди варзиш ӯ натиҷаҳои калон ба даст овард.
Дар соли 1996 ӯ медали нуқраи Қаҳрамонии ҷаҳон дар Финландияро ба даст овард ва соли 1998 барандаи Ҷоми Қазоқистон ва тилоии қаҳрамонии ҷаҳон дар Маҷористон гардид.
Соли 2000 Толеъ барандаи медали тилои Қаҳрамонии Осиё дар Ӯзбекистон ва соли 2005 дар ИМА низ медали тило гирифта буд.
Соли 2006 дар Ню-Йорк қаҳрамони ҷаҳон байни мутахассисон шуд ва пас аз 2 сол барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар Палм Бич гардид.
Баъд аз ин Холназаров ба бахши тарбиятӣ гузашт.
Лентаи хабарҳо
0