Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Македония мераванд

© котиботи ФФТБозии мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Бозии мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Ҳарифони мунтахаби наврасони Тоҷикистон аллакай маълум буда, футболбозони тоҷик бо тимҳои Македонияи Шимолӣ, Гондурас ва Косова бозӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии УЕФА ширкат хоҳанд кард, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба гузориши манбаъ, футболбозони тоҷик дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба Македонияи Шимолӣ сафар мекунанд. Ин мусобиқа аз се то ҳаштуми май доир мегардад.
Манбаъ меафзояд, шогирдони Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар шаҳри Скопе бо тимҳои Македонияи Шимолӣ, Гондурас ва Косова бозӣ хоҳанд кард.
 Офисе Федерации футбола Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Ду бошгоҳи футбол дар Тоҷикистон муҷозот шуданд: сабаб
Гуфта мешавад, бозии футболбозони тоҷик бо тими Македонияи Шимолӣ рӯзи сеюми май сурат мегирад. Бо футболбозони навраси Гондурас рӯзи панҷуми май ва бо дастаи Косова рӯзи ҳаштуми май вориди майдони футбол мешаванд. Зикр гардид, ки мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор хоҳад шуд.
Тибқи маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, пас аз анҷоми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА шогирдони Раҳимов ба Душанбе бармегарданд ва дар қаҳрамонии Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои наврасони то 16-сола иштирок хоҳанд кард.
Ин мусобиқа аз 11 то 21 май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0